عَنْ أَبِي أُمَامَةَ الْبَاهِلِيِّ رضي الله عنه قَالَ:
جَاءَ رَجُلٌ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ: أَرَأَيْتَ رَجُلًا غَزَا يَلْتَمِسُ الْأَجْرَ وَالذِّكْرَ، مَا لَهُ؟ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَا شَيْءَ لَهُ» فَأَعَادَهَا ثَلَاثَ مَرَّاتٍ، يَقُولُ لَهُ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَا شَيْءَ لَهُ» ثُمَّ قَالَ: «إِنَّ اللَّهَ لَا يَقْبَلُ مِنَ الْعَمَلِ إِلَّا مَا كَانَ لَهُ خَالِصًا، وَابْتُغِيَ بِهِ وَجْهُهُ»
المزيد
Аз Абуумомаи Боҳилӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Марде назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Агар марде барои мол ва шуҳрат ба ҷиҳод равад ва биҷангад, барои ӯ чӣ аст? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Барояш ҳеҷ чиз нест." Он мард ин саволро се маротиба такрор кард ва ҳар бор Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барояш ҳамон ҷавобро мегуфт: "Барояш ҳеҷ чиз нест." Баъд аз он Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ба дурустӣ, ки Худованд танҳо он амалеро мепазирад, ки холисона барои Ӯ анҷом дода шуда бошад ва бо он танҳо розигии Худованд талаб карда шуда бошад."