1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад

عَنِ الْعَبَّاسِ بْنِ عَبْدِ الْمُطَّلِبِ رضي الله عنه أَنَّهُ سَمِعَ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، يَقُولُ:
«ذَاقَ طَعْمَ الْإِيمَانِ مَنْ رَضِيَ بِاللهِ رَبًّا، وَبِالْإِسْلَامِ دِينًا، وَبِمُحَمَّدٍ رَسُولًا».

Аз Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунид, ки мегуфт:
"Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 34

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки муъмине, ки дар имонаш содиқ ва қалбаш ба он мутмаъин бошад, дар дилаш кушоиш, шодмонӣ, ширинӣ ва лаззати наздикӣ ба Худовандро эҳсос мекунад, агар ӯ ба се чиз розӣ бошад:
Аввал: Худовандро ҳамчун Парвардигор пазируфтааст, яъне дилаш бо он чизе, ки аз ҷониби Аллоҳ Таъоло ба ӯ тибқи муқтазаёти илоҳӣ - аз тақсими ризқу рӯзӣ ва дигар ҳолатҳо мерасад - дилкушод ва хушҳол мешавад ва дар дилаш ба ягон чизе эрод намегирад ва ҷуз Аллоҳ Таъоло парвардигоре намеҷӯяд.
Дуюм: Ба Ислом ҳамчун дин розӣ аст, яъне дилаш бо он чизе, ки Ислом аз масъулиятҳо ва воҷибот дорад, дилкушод ва хушҳол бошад ва дар роҳи дигаре ғайр аз Ислом талош накунад.
Сеюм: Ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамчун Паёмбар розӣ будан, яъне дилаш кушода ва хушҳол бошад бо ҳамаи он чизе, ки ӯ овардааст, бе ҳеҷ шакку шубҳа ва танҳо роҳи ҳидояти ӯро пайравӣ кунад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Имон таъму лаззати махсус дорад, ки бо дилҳо чашида мешавад, ҳамонгуна ки ширинии хӯрок ва нӯшокӣ бо даҳон чашида мешавад.
  2. Ҷисм лаззати хӯроку нӯшокиҳоро танҳо дар ҳолати саломатӣ эҳсос мекунад, ҳамчунин вақте ки дил аз бемориҳо ва хоҳишҳои гумроҳкунанда ва ҳавову ҳаваси мамнуъ пок бошад, ширинии имонро дармеёбад. Вақте ки дил бемор ва заиф бошад, ширинии имонро ҳис намекунад, балки мумкин аст ба хоҳишҳо ва гуноҳоне, ки сабаби ҳалокати ӯ мешаванд, майл пайдо кунад.
  3. Вақте инсон чизеро қабул кунад ва онро нек пиндорад, анҷом додани он барояш осон мегардад, ҳеҷ мушкиле барояш эҷод намешавад ва бо ҳар чизе, ки анҷом медиҳад хушҳол мегардад. Муъмин ҳам ҳамин тавр аст, вақте имон дар дилаш ҷой гирифт, тоати Парвардигораш барояш осон мешавад, ва рӯҳаш аз он лаззат мебарад ва сахтиҳои он барояш тоқатфарсо нахоҳад буд.
  4. Ибни Қайим мегӯяд: Ин ҳадис маънои розигӣ ба Рубубият ва Улуҳияти Аллоҳ ва розигӣ ба Паёмбараш ва пайравӣ кардан аз ӯ ва розигӣ ба дини Ислом ва таслим шудан ба он мебошад.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية