1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Нагӯед: Он чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад, балки бигӯед: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас фалонӣ бихоҳад

عَنْ حُذَيْفَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«لَا تَقُولُوا: مَا شَاءَ اللهُ وَشَاءَ فُلَانٌ، وَلَكِنْ قُولُوا: مَا شَاءَ اللهُ ثُمَّ شَاءَ فُلَانٌ».

Аз Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Нагӯед: Он чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад, балки бигӯед: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас фалонӣ бихоҳад."

Саҳеҳ ба маҷмуъи ривоятҳояш رواه أبو داود والنسائي في الكبرى وأحمد Сунани кубро, Насоӣ - 10755

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наҳйи кардааст, ки мусалмон дар суханаш чунин бигӯяд: "Он чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад." Ё ҳар чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад; Зеро ирода ва хоҳиши Аллоҳ мутлақ аст ва ҳеҷ кас дар ирода ва хоҳишаш бо Ӯ шарик нест. Ва дар кор бурдани (ва) дар ин ҷумла ин эҳсос мешавад, ки касе бо Аллоҳ шарик аст ва бо ҳам яксон ҳастанд. Аммо шахс бояд чунин бигӯяд: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас фалонӣ бихоҳад. Пас бо гуфтани "сипас" ба ҷои "ва" хоҳиши бандаро тобеъи иродаи Аллоҳ мегардонад, зеро "сипас" нишонаи баъд омадан аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Гуфтани: "Ҳар чи Худо бихоҳад ва ту бихоҳӣ" ва ба ин монанд ибораҳое, ки пайванд бо Аллоҳро бо "ва" дар бар мегиранд, ҳаром аст, зеро он як навъ ширк дар сухан ва гуфтор аст.
  2. Гуфтани ин ҷумла: "Он чи Аллоҳ бихоҳад сипас ту бихоҳӣ" ҷоиз аст. Ва монанди он ки дар он пайванд бо "сипас" ва "баъд" омадааст, чун ки дар он мамнуъият вуҷуд надорад.
  3. Исботи хости Аллоҳ ва исботи хости банда ва ин ки хост ва иродаи банда тобеъ ба иродаи Аллоҳ Таъоло аст.
  4. Шарик кардани хости махлуқот дар хост ва иродаи Аллоҳ манъ аст, агарчи ба лафз ҳам бошад.
  5. Агар банда муътақид бошад, ки хост ва иродаи банда монанди хост ва иродаи Аллоҳ аст ва дар фарогирӣ ва мутлақӣ бо он баробар аст, ё муътақид бошад, ки хост ва иродаи мустақил дорад, дучори ширки акбар шудааст. Аммо агар ба пасттар аз ин муътақид бошад, дучори ширки асғар шудааст.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية