عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ:
كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَشَدَّ حَيَاءً مِنَ العَذْرَاءِ فِي خِدْرِهَا، فَإِذَا رَأَى شَيْئًا يَكْرَهُهُ عَرَفْنَاهُ فِي وَجْهِهِ.
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 6102]
المزيــد ...
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Шарму ҳаёи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки дар хилвати худ аст, бештар буд. Агар чизеро медид ва барояш нописанд мебуд, асари онро мо дар чеҳрааш эҳсос мекардем.
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 6102]
Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз духтари бокирае, ки ҳанӯз издивоҷ накардааст ва бо мардон муоширате надошта ва дар хонааш аз чашмҳо пинҳон аст, боҳаётар буд. Аз шиддати ҳаёе, ки доштанд, агар чизеро намеписандиданд, аз рӯяшон маълум мешуд, рӯяшон тағйир меёфт, вале чизе намегуфтанд, балки асҳобашон аз чеҳраи муборакашон мефаҳмиданд, ки он чиз ба эшон писанд нест.