1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Қатъан ваҷаб ба ваҷаб, газ ба газ, аз роҳу равиши касоне ки пеш аз шумо буданд пайравӣ хоҳед кард

عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَتَتَّبِعُنَّ سَنَنَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ، شِبْرًا بِشِبْرٍ، وَذِرَاعًا بِذِرَاعٍ، حَتَّى لَوْ دَخَلُوا فِي جُحْرِ ضَبٍّ لَاتَّبَعْتُمُوهُمْ» قُلْنَا: يَا رَسُولَ اللهِ آلْيَهُودَ وَالنَّصَارَى؟ قَالَ: «فَمَنْ؟».

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Қатъан ваҷаб ба ваҷаб, газ ба газ, аз роҳу равиши касоне ки пеш аз шумо буданд пайравӣ хоҳед кард, то ҷое, ки агар вориди хонаи сусмор шаванд, бешак дар пайи онҳо хоҳед рафт." Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ! Оё манзури шумо яҳудиён ва насрониён ҳастанд? Фармуд: "Пас чи касе?"

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 2669

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳолати гурӯҳе аз умматашон хабар доданд, ки баъд аз вафоташон дар эътиқодот, корҳо ва одоту суннатҳои яҳудиёну насрониён аз онон бо диққати бисёр -ваҷаб ба ваҷаб, газ ба газ- пайравӣ хоҳанд кард. То ҷое, ки агар вориди сурохии хонаи сусмор шаванд, аз пушти онҳо сарашонро ба он ворид хоҳанд кард.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Яке аз нишонаҳои паёмбарии эшон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, зеро он чи он Ҳазрат аз он хабар доданд ба ҳамон шакл рух додааст.
  2. Наҳй аз ин ки мусалмонон худро ба кофирон монанд созанд, чи дар эътиқодот бошад, ё ибодатҳо, ё идҳо ва либосҳои хосси онон ва ғайра.
  3. Тавзеҳи масъалаҳои маънавӣ бо мисолҳои ҳиссӣ аз василаҳои омӯзиш дар Ислом аст.
  4. Вожаи "Заб" ба маънои сусмор, ҳайвоне, ки хонааш торик ва бадбӯй аст ва хазандае аст, ки дар саҳроҳо зиёд пайдо мешавад. Ин ки ба шакли хос аз сӯрохи сусмор ном бурда шудааст, ба сабаби тангӣ ва бадбӯй будани хонаи ӯст. Бо ин ҳол - ба далели пайравӣ аз осор ва пайгирии равишҳои онон - ҳатто агар вориди чунин ҷои танги бадбӯй ҳам шаванд, ворид хоҳанд шуд! Аллоҳ мададгор аст.

Намоиши тарҷумаҳо

57 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية