1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Агар чунин бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё хокистардоғро ба эшон мехӯронӣ (яъне, эшон гунаҳгор мешаванд) ва то ҳамин тавр бошӣ, ҳамеша Худованд туро бар эшон ёрӣ хоҳад дод

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه:
أَنَّ رَجُلًا قَالَ: يَا رَسُولَ اللهِ إِنَّ لِي قَرَابَةً أَصِلُهُمْ وَيَقْطَعُونِي، وَأُحْسِنُ إِلَيْهِمْ وَيُسِيئُونَ إِلَيَّ، وَأَحْلُمُ عَنْهُمْ وَيَجْهَلُونَ عَلَيَّ، فَقَالَ: «لَئِنْ كُنْتَ كَمَا قُلْتَ، فَكَأَنَّمَا تُسِفُّهُمُ الْمَلَّ وَلَا يَزَالُ مَعَكَ مِنَ اللهِ ظَهِيرٌ عَلَيْهِمْ مَا دُمْتَ عَلَى ذَلِكَ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Марде гуфт: Эй Расули Худо! Ман наздиконе дорам, ки бо онҳо робита дорам, вале онҳо бо ман қатъи робита менамоянд, ба онҳо некӣ менамоям, вале онҳо бо ман бадӣ мекунанд. Дар баробарашон ҳилму бурдборӣ менамоям, вале онҳо бо ман ҷоҳилона рафтор менамоянд. Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Агар чунин бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё хокистардоғро ба эшон мехӯронӣ (яъне, эшон гунаҳгор мешаванд) ва то ҳамин тавр бошӣ, ҳамеша Худованд туро бар эшон ёрӣ хоҳад дод."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2558

Шарҳ

Марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард, ки ӯ хешовандоне дорад, ки бо онҳо бо некӣ муносибат мекунад, вале онҳо бо ӯ ба бадӣ рафтор мекунанд. Ӯ бо онҳо робита барқарор мекунад, вале онҳо бо ӯ қатъи робита мекунанд. Ӯ ба онҳо бо некӣ ва вафодорӣ муносибат мекунад, вале онҳо ба ӯ бо зулму сардӣ муносибат мекунанд. Ӯ дар баробари бадиҳояшон таҳаммул мекунад, мебахшад ва онҳо нисбат ба ӯ бо сухан ва рафтори бад муносибат мекунанд. Оё ӯ бояд бо вуҷуди ин ҳолатҳо муносибаташро бо онҳо идома диҳад?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Агар ҳолат чунон ки гуфтӣ, ҳамон хел бошад, ту онҳоро дар назди худашон хору кӯчак намудаӣ. Гӯё ба онҳо хокистари сӯзон мехуронӣ, зеро некиҳои ту бисёр аст ва рафтори бад ва зишти онҳо дар назари худи онҳо бад аст. Ҳамвора аз ҷониби Худованд пуштибонӣ ва ҳимоят дар баробари онҳо дарёфт хоҳи намуд, то вақте ки ту ба некиҳои худ бо онҳо идома медиҳӣ ва онҳо бо ту дар бадрафторӣ мемонанд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Хубӣ кардан дар муқобили бадӣ сабаби баргашти бадрафтор ба роҳи дуруст мешавад. Чунончи, Худованд фармудааст: "Ҳамвора ба шевае, ки беҳтар аст, посух бидеҳ, ки дар он сурат касе, ки байни ту ва ӯ душманист, ҳамчун дӯсти меҳрубон гардад." (Сураи Фуссилат, ояти 34).
  2. Пайравӣ кардан аз фармони Худо, ҳатто агар ба ӯ зараре бирасад, сабаби кумаки Худованд ба бандаи муъмин мешавад.
  3. Қатъи пайванди хешовандӣ дар дунё дарду азоб аст ва дар охират гуноҳ ва ҳисобу китоб дорад.
  4. Мусалмон бояд дар кори неки худ интизори аҷру савобро аз Аллоҳ Таъоло дошта бошад. Озору зарар ва қатъи робитаи мардум бо ӯ набояд сабаби аз миён рафтани одати некӯяш гардад.
  5. Касе, ки танҳо дар ҷавоби некӣ бо хешовандонаш робитаро нигоҳ медорад, пайвандгари ҳақиқӣ нест. Пайвандгари ҳақиқӣ касест, ки ҳатто агар хешовандонаш робитаро бо ӯ қатъ кунанд, боз ҳам бо онҳо робита барқарор мекунад.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية