+ -

عن عمر بن الخطاب رضي الله عنه قال: إنه سمع نبي الله صلى الله عليه وسلم يقول:
«لَو أَنَّكُمْ تَتَوَكَّلُونَ عَلَى اللهِ حَقَّ تَوَكُّلِهِ، لَرَزَقَكُمْ كَمَا يَرْزُقُ الطَّيْرَ، تَغْدُو خِمَاصًا وَتَرُوحُ بِطَانًا».

[صحيح] - [رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد] - [مسند أحمد: 205]
المزيــد ...

Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мегуфт:
"Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"

[صحيح] - [رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد] - [Муснади Аҳмад - 205]

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро ташвиқ мекунад, ки дар талаби нафъ ва дур кардани зарар дар умури дин ва дунёи худ, ба Худованди Мутаъол таваккул кунем, зеро касе ато намедиҳад, боз намедорад, суд ва зиён намебахшад магар Ӯ Таъоло. Мо бояд ба таваккул кардани холисона бар Худо амалҳоеро анҷом диҳем, ки дар он ҷалби манфиат ва дафъи зарар бошад. Чун агар мо ин корро анҷом диҳем Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад, он гуна ки парандагон саҳаргоҳ аз лонаҳо бо шиками гурусна берун меоянд ва шомгоҳ бо шиками сер бармегарданд. Ин амали парандагон навъе аз асбоби талош барои талаби ризқ ва рӯзӣ бидуни вобастагӣ ва танбалӣ аст.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати ба Аллоҳ таваккал кардан ва инки таваккал кардан ба Аллоҳ аз бузургтарин сабабҳои ҷалби ризқ аст.
  2. Таваккул мунофот бо амал кардан ба асбоб надорад, зеро Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки таваккал кардани ростин муқобил бо саъю талош дар талаби ризқ нест.
  3. Аҳамият додани шариат ба амалҳои қалбӣ, зеро таваккал кардан худ аз амалҳои қалбӣ аст.
  4. Такя кардан фақат ба сабабҳо кӯтоҳӣ дар дин ва тарки сабабҳо кӯтоҳӣ дар ақл аст.