1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Оё шуморо ба он чи Аллоҳ бо он гуноҳонро пок мекунад ва дараҷотро боло мебарад, роҳнамоӣ накунам?

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«أَلَا أَدُلُّكُمْ عَلَى مَا يَمْحُو اللهُ بِهِ الْخَطَايَا، وَيَرْفَعُ بِهِ الدَّرَجَاتِ؟» قَالُوا بَلَى يَا رَسُولَ اللهِ قَالَ: «إِسْبَاغُ الْوُضُوءِ عَلَى الْمَكَارِهِ، وَكَثْرَةُ الْخُطَا إِلَى الْمَسَاجِدِ، وَانْتِظَارُ الصَّلَاةِ بَعْدَ الصَّلَاةِ، فَذَلِكُمُ الرِّبَاطُ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Оё шуморо ба он чи Аллоҳ бо он гуноҳонро пок мекунад ва дараҷотро боло мебарад, роҳнамоӣ накунам?" Гуфтанд: Оре эй Расули Аллоҳ. Паёмбар Фармуданд: "Дар сахтиҳо (сармо, гармо ва ҳолатҳои номуносиб) пурра ва некӯ анҷом додани таҳорат, қадамзанон ба масҷид рафтан, интизори намоз пас аз намоз, ин ҳамон марзбонӣ (ва ҷиҳод) аст."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 251

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз асҳоби худ пурсиданд, ки оё мехоҳанд, ки онҳоро ба корҳое ҳидоят кунад, ки боиси омурзиши гуноҳон ва пок шудани он аз дафтари фариштагон ва боло рафтани дараҷот дар биҳишт шавад?
Саҳобаҳо гуфтанд: Бале, мо инро мехоҳем. Фармуданд:
Якум: Комил ва ба пурраги анҷом додани таҳорат ҳангоми сахтӣ, монанди сармо ё камбуди об, ё беморӣ ва ё оби гарм.
Дуввум: Қадамҳои зиёде гузоштан - ки миёни пойҳост - ба масҷидҳои дур аз хона ва такрори зиёд.
Сеюм: Интизори вақти намоз ва алоқаманд будани дил ба он. Ва омода будан барои намоз ва нишастан барои намоз дар масҷид ба интизори ҷамоат ва чун он намозро ба ҷо овард ба интизори намози дигар бошад.
Сипас Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ин корҳо ҳамон сарҳадбонии ҳақиқӣ аст. Зеро роҳҳои шайтонро бар нафси инсон мебандад ва нафси инсонро мағлуб мекунад ва онро аз пазируфтани васвасаҳо боз медорад. Ва ҳамин тавр ҳизби Аллоҳ сарбозони шайтонро шикаст медиҳанд ва ин ҳамон ҷиҳоди акбар аст, ки ба манзилати сарҳадбонӣ ва ҳифозат аз марзҳо дар баробари душман аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Аҳамияти адои намоз бо ҷамоат дар масҷид ва таваҷҷуҳ ба намозҳо ва парешон нашудан аз намозҳо ба дигар корҳо.
  2. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба некӣ ва зебоӣ суханони худро ба саҳобагон пешниҳод ва онҳоро ташвиқ карданд. Он Ҳазрат ин савоби бузургро бо пурсиш аз саҳоба шуруъ карданд ва ин яке аз равишҳои таълим аст.
  3. Фоидаи бо саволу ҷавоб пешниҳод кардани масъала, ин ки сухан аз рӯӣ норавшанӣ ва кунҷкобӣ ва сипас тавзеҳи он масъала, беҳтар дар зеҳн ҷо мегирад.
  4. Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: Ин ҳамон марздорӣ аст. Яъне, ҳамон марздорие, ки ба он тарғиб шудааст. Ва асли марздорӣ ҳабс ва нигаҳдории худ бар як чиз аст, пас инҷо нафси худро бар ин тоат ҳабс кардааст. Ва гуфта шудааст, ки ин беҳтарин марздорӣ аст, ҳамон тавр ки гуфта шудааст, ҷиҳод, ҷиҳод бо нафс аст. Ва эҳтимол дорад, ки манзур ин аст, ки ин ҳамон марздории ба қадри тавон аст, яъне ин яке аз анвои ҷиҳод ва марздорӣ аст.
  5. Калимаи "Рибот" дар ҳадис такрор шудааст ва бо "ал"-и таъриф омадааст ва ин барои бузургдошти ин аъмол аст.

Намоиши тарҷумаҳо

56 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية