1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо муҳаббат пайдо шавад? Саломро байни худ паҳн кунед

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَا تَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ حَتَّى تُؤْمِنُوا، وَلَا تُؤْمِنُوا حَتَّى تَحَابُّوا، أَوَلَا أَدُلُّكُمْ عَلَى شَيْءٍ إِذَا فَعَلْتُمُوهُ تَحَابَبْتُمْ؟ أَفْشُوا السَّلَامَ بَيْنَكُمْ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо муҳаббат пайдо шавад? Саломро байни худ паҳн кунед."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 54

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудааст, ки танҳо муъминон вориди биҳишт мешаванд ва имон комил намешавад ва вазъи ҷомеаи мусалмонӣ беҳбуд намеёбад, то он ки мусалмонон якдигарро дӯст бидоранд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро ба беҳтарин корҳое, ки сабаби паҳн шудани муҳаббат мешавад, роҳнамои карданд, ки он паҳн кардани салом миёни мусалмонон аст. Чизе, ки Аллоҳ Таъоло онро миёни бандагонаш салому дуруд қарор додааст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ворид шудан ба биҳишт танҳо бо имон аст.
  2. Аз камоли имон ин аст, ки мусалмон барои бародараш он чиро, ки барои худ дӯст медорад, дӯст дорад.
  3. Паҳн кардани салом ва гуфтани он ба мусалмонон мустаҳаб аст. Зеро он дар байни одамон муҳаббат ва амниятро паҳн мекунад.
  4. Салом танҳо ба мусалмон гуфта мешавад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд "дар миёни худатон".
  5. Гуфтани салом сабаби аз байн рафтани ҷудоӣ, душманӣ ва кинаварзӣ аст.
  6. Муҳим будани муҳаббат байни мусалмонон ва ин ки он аз камоли имон аст.
  7. Дар ҳадиси дигар шакли пурраи салом чунин омадааст: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ." Аммо гуфтани: "Ассалому алайкум", басанда аст.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية