Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд
Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд
Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки бо он ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шудаанд
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қазаъ (тарошидани як қисме аз мӯи сар ва гузоштани қисмати дигар) наҳй фармуданд
Дар ҳақиқат, дунё ширину сарсабз аст ва Аллоҳ дар он шуморо ҷонишин қарор додааст ва мебинад, ки чӣ гуна амал хоҳед кард. Пас аз дунё ва аз занон битарсед
Марди муъмин аз зани муъмин (ҳамсараш) мутанаффир намешавад, зеро агар яке аз хислатҳои ӯ писандаш наояд, аз дигар хислаташ хушаш меояд
Ҳар ки тавоноӣ дорад издивоҷ кунад, зеро ин сабаби муҳофизати чашм ва шармгоҳ мешавад. Ва касе, ки тавоноӣ надорад, рӯза бигирад, зеро рӯза шаҳватро заиф ва идора мекунад
Аз даромадан ба назди занони бегона (бе маҳрам) бипарҳезед". Марде аз Ансор гуфт: Дар бораи "Ҳамв" (мардон аз хешони шавҳар) чӣ мефармоед? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Гуфт: "Ҳамв марг аст", (яъне, фитнаи хешовандони шавҳар бештар ва монанди марг аст)
Эй гурӯҳи занон! Садақа бидиҳед, зеро ман шуморо бештари аҳли дӯзах дидам." Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, ба чӣ сабаб? Фармуд: "Шумо бисёр лаънат мекунед ва (некиҳои) ҳамсарро носипосӣ менамоед. Ман ҳаргиз касеро надидаам, ки бо вуҷуди ноқисӣ дар ақл ва дин, дар рабудани ақли як марди ҳушёру дурандеш тавонотар аз шумо (занон) бошад
Ҳар зане, ки бе иҷозати валӣ (сарпарастонаш) никоҳ кунад, никоҳи ӯ ботил аст - се бор инро такрор карданд. Агар шавҳар бо ӯ ҳамбистар шавад, маҳр ба сабаби он чи аз ӯ баҳра бурдааст, барои зан муқаррар мегардад. Ва агар миёни онҳо ихтилоф ба вуҷуд ояд, пас ҳоким (султон) валии касест, ки валӣ надорад
Гуфтам: Эй Расули Худо, ҳаққи ҳамсарамон бар мо чист? Фармуд: "Он ки вақте ту таом мехӯрӣ, ӯро низ бихӯронӣ, вақте ту либос мепӯшӣ, ё ба даст меорӣ, барои ӯ низ либос муҳайё кунӣ, ба рӯй назанӣ, ба ӯ дашном надиҳӣ ва таҳқир накунӣ, ҷуз дар хона аз ӯ дурӣ накунӣ (қаҳр накунӣ)
Ҳар касе, ки ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо майл кунад (яъне миёни онҳо адолат накунад), рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафи баданаш каҷ (ё фалаҷ) аст
Албатта, Аллоҳ Таъоло аз уммати ман дар бораи он чи дар дилҳои худ бо худ мегӯянд, гузашт кардааст, то вақте ки ба он амал накунанд ё онро ба забон наёваранд