1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Гуфтам: Эй Расули Худо, ҳаққи ҳамсарамон бар мо чист? Фармуд: "Он ки вақте ту таом мехӯрӣ, ӯро низ бихӯронӣ, вақте ту либос мепӯшӣ, ё ба даст меорӣ, барои ӯ низ либос муҳайё кунӣ, ба рӯй назанӣ, ба ӯ дашном надиҳӣ ва таҳқир накунӣ, ҷуз дар хона аз ӯ дурӣ накунӣ (қаҳр накунӣ)

عَنْ مُعَاوِيَةَ الْقُشَيْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ:
قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، مَا حَقُّ زَوْجَةِ أَحَدِنَا عَلَيْهِ؟، قَالَ: «أَنْ تُطْعِمَهَا إِذَا طَعِمْتَ، وَتَكْسُوَهَا إِذَا اكْتَسَيْتَ، أَوِ اكْتَسَبْتَ، وَلَا تَضْرِبِ الْوَجْهَ، وَلَا تُقَبِّحْ، وَلَا تَهْجُرْ إِلَّا فِي الْبَيْتِ»

Аз Муовияи Қушайрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Гуфтам: Эй Расули Худо, ҳаққи ҳамсарамон бар мо чист? Фармуд: "Он ки вақте ту таом мехӯрӣ, ӯро низ бихӯронӣ, вақте ту либос мепӯшӣ, ё ба даст меорӣ, барои ӯ низ либос муҳайё кунӣ, ба рӯй назанӣ, ба ӯ дашном надиҳӣ ва таҳқир накунӣ, ҷуз дар хона аз ӯ дурӣ накунӣ (қаҳр накунӣ)."

Ҳасан رواه أبو داود وابن ماجه وأحمد Сунани Абудовуд - 2142

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсиданд, ки ҳаққи ҳамсар бар шавҳараш чист? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чанд чизро зикр карданд, аз ҷумла:
Аввал: ғизоро танҳо барои худ ихтисос надеҳ, балки ҳар гоҳ ту хӯрдӣ ва таом дошта бошӣ, ӯро низ бихӯрон.
Дувум: либосаро танҳо барои худ ихтисос надеҳ, балки вақте ту мепӯшӣ ва касб мекунӣ, барои ӯ низ либос муҳайё кун.
Севум: ҳамсар бидуни сабаб ва зарурат зада намешавад, агар барои тарбият ё тарки баъзе воҷибот зарурати зарбе пеш ояд, он бояд зарби сабук бошад, на озордиҳанда. Ва ба ҳеҷ ваҷҳ бар рӯй зада намешавад, зеро рӯй аз бузургтарин ва намоёнтарин узвҳо аст, ки шомили узвҳои шариф ва нозук аст.
Чаҳорум: ба ӯ дашном надеҳ ва магӯ: Худо рӯятро зишт гардонад. Ҳеҷ чизе аз ӯ ё аз андоми баданашро ба зиштӣ, ки муқобили зебоӣ аст, нисбат мадеҳ, зеро Худованди Таъоло чеҳра ва ҷисми инсонро шакл бахшидааст ва ҳар чизеро, ки офаридааст, некӯ ва зебо офаридааст. Айб гирифтан ба офаридашуда, айб гирифтан ба Офаридгор маҳсуб мешавад (Худованд паноҳ диҳад).
Панҷум: Ҷудоӣ (қаҳр кардан)-ро фақат дар бистар анҷом деҳ, аз ӯ дур машав ва ӯро ба дигар хона ё ҷойи дигар интиқол надеҳ. Ва эҳтимол ин ба он ҳолатҳое ишора дорад, ки одатан миёни мард ва ҳамсар ҳангоми ранҷиш ё ихтилоф пеш меояд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Талошу эҳтиёти саҳобагон барои донистани ҳуқуқе, ки бояд нисбат ба дигарон адо кунанд, ҳамчунин донистани ҳуқуқе, ки барояшон муқаррар шудааст.
  2. Нафақа (хароҷоти зиндагӣ), либос ва хона барои зан бар шавҳараш воҷиб аст.
  3. Наҳй аз зишт донистан ё бадгӯии маънавӣ ва ҳиссӣ.
  4. Аз ҷумлаи тақбиҳи манъшуда ин аст, ки ба зан бигӯяд: Ту аз қабилаи бад ва паст ҳастӣ, ё аз оилаи бад ҳастӣ, ё ҳар чизе, ки монанди ин бошад.

Намоиши тарҷумаҳо

48 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية