1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Ҳар зане, ки бе иҷозати валӣ (сарпарастонаш) никоҳ кунад, никоҳи ӯ ботил аст - се бор инро такрор карданд. Агар шавҳар бо ӯ ҳамбистар шавад, маҳр ба сабаби он чи аз ӯ баҳра бурдааст, барои зан муқаррар мегардад. Ва агар миёни онҳо ихтилоф ба вуҷуд ояд, пас ҳоким (султон) валии касест, ки валӣ надорад

عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المُؤْمِنينَ رَضِي اللهُ عنْها قَالَتْ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«أَيُّمَا امْرَأَةٍ نَكَحَتْ بِغَيْرِ إِذْنِ مَوَالِيهَا، فَنِكَاحُهَا بَاطِلٌ -ثَلَاثَ مَرَّاتٍ- فَإِنْ دَخَلَ بِهَا فَالْمَهْرُ لَهَا بِمَا أَصَابَ مِنْهَا، فَإِنْ تَشَاجَرُوا فَالسُّلْطَانُ وَلِيُّ مَنْ لَا وَلِيَّ لَهُ».

Аз Оиша, модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар зане, ки бе иҷозати валӣ (сарпарастонаш) никоҳ кунад, никоҳи ӯ ботил аст - се бор инро такрор карданд. Агар шавҳар бо ӯ ҳамбистар шавад, маҳр ба сабаби он чи аз ӯ баҳра бурдааст, барои зан муқаррар мегардад. Ва агар миёни онҳо ихтилоф ба вуҷуд ояд, пас ҳоким (султон) валии касест, ки валӣ надорад."

Саҳеҳ رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد Сунани Абудовуд - 2083

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳушдор додааст, ки зан набояд бе иҷозати валӣ (сарпарастонаш) худро ба никоҳ дарорад ва чунин никоҳ ботил аст. Ӯ инро се маротиба такрор кардааст, яъне гуё тамоман никоҳе вуҷуд надорад.
Агар марде, ки бе иҷозати валӣ бо зан никоҳ бастааст, бо ӯ ҳамбистар шавад, ба хотири баҳраи ҷинсӣ, ки аз вай бурдааст (ҷимоъ дар маҳалли аслӣ), маҳри комил бар ӯ воҷиб мегардад.
Агар байни валиҳо дар масъалаи валии аслӣ будан ихтилоф пайдо шавад — ва онҳо дар мартаба баробар бошанд — никоҳ ба он касе тааллуқ мегирад, ки пештар ин масъулиятро ба уҳда гирифтааст, ба шарте ки инро ба хотири манфиати зан анҷом дода бошад. Агар валӣ аз ба никоҳ даровардани ӯ худдорӣ кунад, ӯ монанди шахсе мешавад, ки валӣ надорад, дар ин ҳол султон (ҳоким) ё намояндагонаш, чун қозиён, валии ӯ мегарданд. Аммо агар валии шаръӣ мавҷуд бошад ва монеъ нашавад, султон ҳаққи дахолат надорад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Шарт будани валӣ барои дурустии никоҳ. Аз Ибни Мунзир нақл шудааст, ки ҳеҷ як саҳобӣ мухолифи ин шарт (и валӣ) набудааст.
  2. Дар никоҳи ботил, зан ба сабаби он ки мард бо ӯ ҳамбистар шудааст, маҳр мегирад.
  3. Султон (ҳоким) валии он занест, ки валӣ надорад, фарқе надорад, ки валӣ аз аввал вуҷуд надошта бошад ё ба сабаби худдорияш аз ба никоҳ даровардани зан.
  4. Султон дар ҳолати набудан ё дастнорас будани валӣ, валии зан мешавад ва қозӣ ба ҷои султон амал мекунад, зеро ӯ намояндаи султон дар чунин масъалаҳост.
  5. Валӣ доштан дар никоҳ маънояш ин нест, ки зан ҳақ надорад. Баръакс, ӯ ҳақ дорад ва валӣ набояд бе иҷозати худи зан ӯро ба никоҳ дарорад.
  6. Шартҳои никоҳи дуруст: Якум: Муайян будани ҳар ду ҷониб, шавҳар ва зан, бо ишора, ном ё тавсиф ва ғайра. Дуюм: Розигии ҳар ду ҷониб. Сеюм: Гузарондани ақд аз ҷониби валии зан. Чаҳорум: Ҳузури шоҳидон дар вақти ақди никоҳ.
  7. Шартҳои валие, ки никоҳро анҷом медиҳад, чунинанд: Аввал: Ақл. Дувум: Мард будан. Севум: Болиғ будан, бо расидан ба синни понздаҳсолагӣ ё бо аломатҳои булуғ. Чаҳорум: Ягонагии дин, кофир бар мусалмон валӣ шуда наметавонад, ҳамчунин мусалмон бар кофир валӣ шуда наметавонад. Панҷум: Адолат, яъне фосиқ набудан ва барои ин кофист, ки манфиати занро дар никоҳ дар назар гирад. Шашум: Рушд, яъне оқил бошад на сафиҳ, ки тавонои шинохти шоистагӣ ва манфиатҳои умури никоҳро дошта бошад.
  8. Барои валии зан дар масъалаи никоҳ тартибе назди фуқаҳо ҳаст ва аз валии наздиктарин гузашта ба дигарӣ муроҷиат кардан ҷоиз нест, магар бо набудани ӯ ё набудани шартҳояш. Тартиби валӣи зан чунин аст: Падари зан, сипас васии падар дар бораи ӯ. Бобояш аз тарафи падар, ҳар қадаре боло равад. Писараш, писаронаш ҳар қадаре поён равад. Бародараш аз падару модар. Бародараш аз падар. Писарони онҳо. Амакаш аз падару модар. Амакаш аз падар. Писарони онҳо. Сипас наздиктарин хешованд бо тартиби мерос аз аслу насаб. Агар зан валӣ надошта бошад, пас ҳокими мусалмон (ҳоким) ё намояндагони ӯ, мисли қозӣ валии ӯ мегарданд.

Намоиши тарҷумаҳо

48 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
NE नेपाली النيبالية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية