عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي لله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«لَا يَفْرَكْ مُؤْمِنٌ مُؤْمِنَةً، إِنْ كَرِهَ مِنْهَا خُلُقًا رَضِيَ مِنْهَا آخَرَ» أَوْ قَالَ: «غَيْرَهُ».
المزيد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Марди муъмин аз зани муъмин (ҳамсараш) мутанаффир намешавад, зеро агар яке аз хислатҳои ӯ писандаш наояд, аз дигар хислаташ хушаш меояд", ё фармуд: "ғайри он." (яъне, рафтори дигари ӯро меписандад.)