Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: “Ширхорагӣ ҳамон чизҳоеро ҳаром мегардонад, ки вилодат (насаб) ҳаром мекунад”. [Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [الأربعون النووية - 44]
Шарҳ
Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ширхорагӣ ҳамон чизҳое ҳаром мегардад, ки аз ҷиҳати таваллуд ва насаб ҳаром аст, мисли тағоӣ, амак ё бародар... Ва он чи ки аз ҷиҳати ширхорагӣ иҷозат дода мешавад, ҳамон чиз аст, ки аз ҷиҳати таваллуд иҷозат дода мешавад.
Аз фоидаҳои ҳадис
Ин ҳадис қоидае аст дар аҳкоми ширхорагӣ.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) “Ширхорагӣ ҳамон чизҳоеро ҳаром мегардонад, ки вилодат ҳаром мекунад”. Яъне, ҳамон чизеро мубоҳ мегардонад, ки вилодат мубоҳ мекунад. Ва ин бо иттифоқи уламо аст дар масоиле, ки ба ҳаром будани никоҳ ва он чи ба он вобастааст, марбут мешавад, ва низ дар паҳн шудани маҳрамият байни кӯдаки ширхӯрда ва фарзандони зане, ки ӯро шир додааст, ва муносибати онҳо чун хешовандон дар масъалаи назар кардан, танҳо будан (халват) ва ҳамсафарӣ. Аммо бо ин вуҷуд, дигар аҳкоми модарӣ, монанди мерос гирифтан, нафақа додан, озод шудан бо моликият, шаҳодат, дия ва лағви қасос, бар он асос намешаванд.