عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخُدْرِيِّ رضي الله عنه قَالَ: خَرَجَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي أَضْحَى أَوْ فِطْرٍ إِلَى المُصَلَّى، فَمَرَّ عَلَى النِّسَاءِ، فَقَالَ:
«يَا مَعْشَرَ النِّسَاءِ، تَصَدَّقْنَ، فَإِنِّي أُرِيتُكُنَّ أَكْثَرَ أَهْلِ النَّارِ» فَقُلْنَ: وَبِمَ يَا رَسُولَ اللَّهِ؟ قَالَ: «تُكْثِرْنَ اللَّعْنَ، وَتَكْفُرْنَ العَشِيرَ، مَا رَأَيْتُ مِنْ نَاقِصَاتِ عَقْلٍ وَدِينٍ أَذْهَبَ لِلُبِّ الرَّجُلِ الحَازِمِ مِنْ إِحْدَاكُنَّ»، قُلْنَ: وَمَا نُقْصَانُ دِينِنَا وَعَقْلِنَا يَا رَسُولَ اللَّهِ؟ قَالَ: «أَلَيْسَ شَهَادَةُ المَرْأَةِ مِثْلَ نِصْفِ شَهَادَةِ الرَّجُلِ» قُلْنَ: بَلَى، قَالَ: «فَذَلِكِ مِنْ نُقْصَانِ عَقْلِهَا، أَلَيْسَ إِذَا حَاضَتْ لَمْ تُصَلِّ وَلَمْ تَصُمْ» قُلْنَ: بَلَى، قَالَ: «فَذَلِكِ مِنْ نُقْصَانِ دِينِهَا».
المزيد
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи (иди) Қурбон ё Фитр ба намозгоҳ баромад. Аз назди занон гузашт ва гуфт:
"Эй гурӯҳи занон! Садақа бидиҳед, зеро ман шуморо бештари аҳли дӯзах дидам."
Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, ба чӣ сабаб?
Фармуд: "Шумо бисёр лаънат мекунед ва (некиҳои) ҳамсарро носипосӣ менамоед. Ман ҳаргиз касеро надидаам, ки бо вуҷуди ноқисӣ дар ақл ва дин, дар рабудани ақли як марди ҳушёру дурандеш тавонотар аз шумо (занон) бошад". Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, нуқсони дин ва ақли мо дар чист? Фармуд: "Оё шаҳодати зан баробари нисфи шаҳодати мард нест?"
Гуфтанд: Бале. Фармуд: "Ин аз камии ақли ӯст. Оё вақте ки ҳайз мешавад, на намоз мегузорад ва на рӯза мегирад?" Гуфтанд: Бале. Фармуд: "Ин аз камии дини ӯст."