1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Албатта, Аллоҳ Таъоло аз уммати ман дар бораи он чи дар дилҳои худ бо худ мегӯянд, гузашт кардааст, то вақте ки ба он амал накунанд ё онро ба забон наёваранд

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:
«إِنَّ اللَّهَ تَجَاوَزَ عَنْ أُمَّتِي مَا حَدَّثَتْ بِهِ أَنْفُسَهَا، مَا لَمْ تَعْمَلْ أَوْ تَتَكَلَّمْ».

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Албатта, Аллоҳ Таъоло аз уммати ман дар бораи он чи дар дилҳои худ бо худ мегӯянд, гузашт кардааст, то вақте ки ба он амал накунанд ё онро ба забон наёваранд."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 5269

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳанд, ки мусалмон ба хотири фикрҳои бад ё васвасаҳое, ки танҳо дар дили ӯ мегузаранд, то вақте ки ба онҳо амал накунад ё ба забон наёрад, муҷозот намешавад. Зеро Худованд гуноҳи онро нодида гирифта ва аз он гузашт намудааст. Худованд бар уммати Паёмбар раҳмат кардааст ва онҳоро танҳо ба хаёл ё фикри дар дилбуда муҷозот намекунад, магар он ки ин фикр дар дил ҷой гирад ва устувор шавад, мисли кибр, риё, нифоқ, ё ин ки онро бо аъзои худ амалӣ кунад, ё ба сухан табдил ёбад. Пас дар ин сурат ӯ муҷозот мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Худованди Таборак ва Таъоло аз фикрҳо ва хаёлоти баде, ки ба дилу хотири инсон меоянд ва танҳо дар сатҳи гуфтугӯи нафс бо худ мемонанд, даргузаштааст ва онҳоро бахшидааст, то он даме ки инсон ба он амал накунад ё ба забон наёрад.
  2. Агар инсон дар бораи талоқ фикр кунад ё он дар хотираш гузарад, вале онро ба забон наоварад ва нанависад, пас он талоқ шуморида намешавад.
  3. Гуфтугӯи нафс, яъне фикрҳои дохилии инсон, новобаста ба бузургии он, то замоне ки дар дилаш ҷой нагирад ё онро ба амал наорад ё ба забон наорад, аз ҷониби Аллоҳ Таъоло ҳисоб намешавад ва инсон барои он ҷазо намебинад.
  4. Бузургии мақому манзилати уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки Аллоҳ Таъоло онҳоро бо он махсус гардонидааст, ки бо гуфтугӯҳои нафс (фикрҳои дохилӣ) ҷазо дода намешаванд, бар хилофи умматҳои пешин, ки ҳатто бо андешаи гуноҳ ҳам муҷозот мешуданд.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية