+ -

عن عقبة بن عامر رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«أَحَقُّ الشُّرُوطِ أَنْ تُوفُوا بِهِ مَا اسْتَحْلَلْتُمْ بِهِ الْفُرُوجَ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 2721]
المزيــد ...

Аз Ъуқба ибни Ъомир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки бо он ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шудаанд".

[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 2721]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки муҳимтарин ва сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки ба сабаби он лаззат бурдан аз зан ҳалол мешавад, яъне ҳамон шартҳои мубоҳи никоҳ, ки зан дар ақди никоҳи худ талаб кардааст.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Украинӣ الجورجية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Шартҳое, ки яке аз ҳамсарон ба дигаре гузоштааст, бояд иҷро шаванд, магар шарте, ки ҳалолро ҳаром ё ҳаромро ҳалол мегардонад.
  2. Пойбанд будан ба шартҳои никоҳ бештар аз шартҳои дигар мавриди назар аст, зеро он дар муқобили ҳалол шудани баҳрабарии ҷинсӣ аст.
  3. Манзилати волои издивоҷ дар Ислом, зеро Ислом ба вафо кардан ба шартҳои он таъкид фармудааст.
Бештар