عَنْ عَلِيٍّ رضي الله عنه:
أَنَّ فَاطِمَةَ رَضيَ اللهُ عنْها أَتَتِ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ تَشْكُو إِلَيْهِ مَا تَلْقَى فِي يَدِهَا مِنَ الرَّحَى، وَبَلَغَهَا أَنَّهُ جَاءَهُ رَقِيقٌ، فَلَمْ تُصَادِفْهُ، فَذَكَرَتْ ذَلِكَ لِعَائِشَةَ، فَلَمَّا جَاءَ أَخْبَرَتْهُ عَائِشَةُ، قَالَ: فَجَاءَنَا وَقَدْ أَخَذْنَا مَضَاجِعَنَا، فَذَهَبْنَا نَقُومُ، فَقَالَ: «عَلَى مَكَانِكُمَا» فَجَاءَ فَقَعَدَ بَيْنِي وَبَيْنَهَا، حَتَّى وَجَدْتُ بَرْدَ قَدَمَيْهِ عَلَى بَطْنِي، فَقَالَ: «أَلاَ أَدُلُّكُمَا عَلَى خَيْرٍ مِمَّا سَأَلْتُمَا؟ إِذَا أَخَذْتُمَا مَضَاجِعَكُمَا -أَوْ أَوَيْتُمَا إِلَى فِرَاشِكُمَا- فَسَبِّحَا ثَلاَثًا وَثَلاَثِينَ، وَاحْمَدَا ثَلاَثًا وَثَلاَثِينَ، وَكَبِّرَا أَرْبَعًا وَثَلاَثِينَ، فَهُوَ خَيْرٌ لَكُمَا مِنْ خَادِمٍ».
المزيد
Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки
Фотима (разияллоҳу анҳо) назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада, то аз ранҷе, ки ба сабаби кори сангини дастгоҳи осиёб ба дасташ расида буд, шикоят кунад. Ӯ хабар ёфта буд, ки ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бардагоне оварда буданд. (Ӯ мехост Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барояшон хидматгоре бидиҳад). Аммо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пайдо накард ва мақсади омаданашро ба Оиша (разияллоҳу анҳо) гуфт. Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад, Оиша (разияллоҳу анҳо) аз омадани Фотима ӯро хабар кард. Алӣ (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле назди мо омад, ки мо дар бистари хобамон будем. Хостем аз ҷоямон бархезем, ки гуфт: дар ҷойи худ бимонед ва байни ману Фотима нишаст, то ҷое, ки ман хунукии пойҳояшро дар шикамам эҳсос кардам. Он гоҳ фармуд: "Оё намехоҳед ба шумо як амали беҳтар аз он чи хоҳиш доред, нишон диҳам? Вақте ки ба бистари хоб рафтед, 33 маротиба тасбеҳ гӯед, 33 маротиба ҳамд гӯед ва 34 маротиба такбир бигӯед. Ин бароятон беҳтар аз хизматгор аст."