1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва се бор бигӯ: "Бисмиллоҳ", ва ҳафт бор бигӯ: "Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир"". Тарҷума: "Паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарре, ки онро эҳсос мекунам ва аз он метарсам

عَنْ عُثْمَانَ بْنِ أَبِي الْعَاصِ الثَّقَفِيِّ رضي الله عنه أَنَّهُ شَكَا إِلَى رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَجَعًا يَجِدُهُ فِي جَسَدِهِ مُنْذُ أَسْلَمَ، فَقَالَ لَهُ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«ضَعْ يَدَكَ عَلَى الَّذِي تَأَلَّمَ مِنْ جَسَدِكَ، وَقُلْ بِاسْمِ اللهِ ثَلَاثًا، وَقُلْ سَبْعَ مَرَّاتٍ أَعُوذُ بِاللهِ وَقُدْرَتِهِ مِنْ شَرِّ مَا أَجِدُ وَأُحَاذِرُ».

Аз Усмон ибни Абулъоси Сақафӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дарде, ки аз замони мусалмон шуданаш дар бадани худ эҳсос мекард, шикоят кард. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфтанд:
"Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва се бор бигӯ: "Бисмиллоҳ", ва ҳафт бор бигӯ: "Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир"". Тарҷума: "Паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарре, ки онро эҳсос мекунам ва аз он метарсам."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2202

Шарҳ

Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу) ба дарде гирифтор шуд, ки наздик буд ӯро ҳалок созад. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба аёдати ӯ омаданд ва дуоеро ба ӯ омӯзонданд, ки бо он Худованд дардашро бартараф мекунад. Он дуо чунин аст: (шахси бемор нахуст бояд ) дасташро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузорад ва се бор бигӯяд: (Бисмиллоҳ), сипас ҳафт бор бигӯяд: (Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир), яъне: паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарри он чи ки дар ҳоли ҳозир эҳсос мекунам ва аз он чи ки дар оянда, аз қабили ғаму тарс ва паҳн шудани дарду беморӣ дар бадан, метарсам.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Руқя хондани инсон худашро, чунончи, дар ҳадис омадааст, мустаҳаб аст.
  2. Шикоят, бидуни норозигӣ ва эътироз, бо таваккал ба Аллоҳ ва сабр кардан мухолиф нест.
  3. Дуо аз ҷумлаи гирифтани сабабҳо аст, бинобар ин бояд алфоз ва шумори дақиқи он риоя шавад.
  4. Ин дуо барои ҳар гуна дарди узвӣ мебошад.
  5. Гузоштани даст ба ҷои дард ҳангоми руқя бо ин дуо тавсия мешавад.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية