1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фиқҳ ва усули фиқҳ

Ҳадис Руқия (-и ғайри шаръӣ), тумор ва тивала (барои муҳаббат андохтан дар қалби яке аз ҳамсарон барои дуст доштани ҷониби дигар) ширк аст

عن عبد الله بن مسعود رضي الله عنه قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول:
«إنَّ الرُّقَى والتَمائِمَ والتِّوَلَةَ شِرْكٌ».

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Руқия (-и ғайри шаръӣ), тумор ва тивала (барои муҳаббат андохтан дар қалби яке аз ҳамсарон барои дуст доштани ҷониби дигар) ширк аст".

Саҳеҳ رواه أبو داود وابن ماجه وأحمد Сунани Абудовуд - 3883

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амалҳоеро, ки анҷом додани онҳо ширк аст, баён фармуданд, аз ҷумла:
Аввал: Руқия (-и ғайри шаръӣ), яъне суханоне, ки дар он ширк аст ва аҳли ҷоҳилият онро ба хотири шифо ёфтан мехонданд.
Дуввум: Тумор, яъне мӯҳра ва дигар чизҳое, ки барои дафъи чашм дар тани кӯдакон ва ҳайвонот меовезанд.
Севум: Тивала, ки барои муҳаббат андохтан ва дӯст доштани яке аз ҳамсарон барои дигаре сохта мешавад.
Амалҳои мазкур аз ҷумлаи ширкиёт ҳастанд, зеро инҷо ба вуҷӯд овардани сабаб аст, ки на ба далели шаръӣ собит аст ва на бо сабаби ҳиссӣ, ки таҷриба онро собит кунад. Аммо дар мавриди сабабҳои шаръӣ, монанди Қуръон хондан ё сабабҳои ҳиссӣ, монанди доруҳое ки бо таҷриба ва озмоиш собит шудааст, ба шарти танҳо як сабаб донистани он ва инки нафъ ва зарар ба дасти Аллоҳ аст, ҷоиз аст.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ҳифз ва нигоҳ доштани эътиқод ва тавҳид аз ончи онро ноқиз мекунад.
  2. Истифода аз руқияҳои ширкӣ, тумору муҳраҳо ва таъвизаҳои муҳаббат, ҳаром аст.
  3. Эътиқод бар инки се амали мазкур аз ҷумлаи асбоб ҳастанд, ширки асғар (ширки хурд) аст, чун ончи ки сабаб буда наметавонад, сабаб қарор додааст. Аммо агар бар ин бовар бошад, ки худи онҳо зарар ва фоида мерасонанд, ширки акбар (ширки бузург) аст.
  4. Огоҳӣ аз анҷоми амалҳои ширк ва ҳаром.
  5. Наҳй аз Руқия ва баёни инки он аз ширкиёт аст, магар руқияи шаръӣ, ки он ҷоиз аст.
  6. Дили банда бояд танҳо ба Худои якто баста бошад, зеро нафъ ва зиён танҳо аз ҷониби Худованди ягона аст, касе ҷуз Ӯ хайр ва некӣ намеорад ва ҷуз Ӯ Таъоло касе бадиро дафъ намекунад.
  7. Руқия бо се шарт ҷоиз аст: 1- Бар ин бовар бошад, ки руқия танҳо як сабаб аст ва нафъ ба дасти Худованд аст. 2- Руқия бояд иборат аз оятҳои қуръонӣ, номҳо ва сифатҳои Аллоҳ ва дуоҳои набавӣ ва машруъ бошад. 3- Бояд ба забони қобили фаҳм бошад ва шомили ҷоду ва тилисмҳо набошад.

Намоиши тарҷумаҳо

68 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
EL Ελληνικά اليونانية
AK Akan الأكانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
LN Lingala اللينجالا
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
RN Kirundi الكيروندي
YAO Yao الياو
KMR Kurmancî الكرمنجية