Дастабандиҳои ҷузъӣ

Рӯйхати ҳадисҳо

1. “Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, тавре аз ҳаҷ бармегардад, ба монанди рӯзе, ки аз модараш таваллуд шудааст.” (яъне пок аз гуноҳон)
عربي Англисӣ Урду
2. Агар касе бародарашро дӯст бидорад, бигзор аз муҳаббаташ ӯро огаҳ кунад
عربي Англисӣ Урду
3. Аз ҳафт (гуноҳи) ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
4. Худоё! қабри маро чун бутхона магардон
عربي Англисӣ Урду
5. Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
6. Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ гардонида буд
عربي Англисӣ Урду
7. Хонаҳои худро монанди қабристон насозед, қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед, бар ман дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо ҳар ҷое бошед ба ман мерасад
عربي Англисӣ Урду
8. Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст
عربي Англисӣ Урду
9. Ту назди мардумоне меравӣ, ки аҳли китоб ҳастанд, вақте онҳоро диди ба гуфтани "Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ" фаро бихон - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
10. Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
11. Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд
عربي Англисӣ Урду
12. Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад
عربي Англисӣ Урду
13. Зиёдаравон ҳалок шуданд
عربي Англисӣ Урду
14. Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам
عربي Англисӣ Урду
15. Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
16. Беҳтарин зикр: Ло илоҳа иллаллоҳ, ва беҳтарин дуо: Алҳамду лиллоҳ аст
عربي Англисӣ Урду
17. Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он
عربي Англисӣ Урду
18. Мисвок поккунандаи даҳон ва писандида назди Худованд аст - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
19. Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад - 8 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
20. Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад - 8 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
21. Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо
عربي Англисӣ Урду
22. Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад
عربي Англисӣ Урду
23. Худованд раҳмат кунад мардеро, ки дар хариду фурӯш ва дар бозпасгирии қарзи худ осонгир аст
عربي Англисӣ Урду
24. Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад
عربي Англисӣ Урду
25. Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
26. Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад
عربي Англисӣ Урду
27. Ҳар кӣ моҳи рамазонро аз рӯи имон ва барои дарёфти савоб рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад
عربي Англисӣ Урду
28. Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад
عربي Англисӣ Урду
29. Худованд ба касе хайр бихоҳад, ӯро мавриди ибтило қарор медиҳад
عربي Англисӣ Урду
30. Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд
عربي Англисӣ Урду
31. Дин (-и ислом) насиҳат аст
عربي Англисӣ Урду
32. Ҳалол ошкору равшан аст ва ҳаром ҳам ошкору равшан аст - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
33. Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
34. Ҳамоно Аллоҳ некиҳо ва бадиҳоро навишта сипас онҳоро баён фармудааст, пас касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом дода натавонад, Худованд барои ӯ як ҳасанаи комил менависад. Агар касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барои ӯ аз даҳ то ҳафтсад баробар ҳасана ва ҳатто бештар аз он менависад. Агар касе қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, Худованд барои ӯ як ҳасана менависад, аммо агар қасд кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барояш танҳо як бадӣ менависад
عربي Англисӣ Урду
35. Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо менигарад - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
36. Албатта амалҳо вобаста ба ниятҳо ҳастанд ва барои ҳар шахс он чизе аст, ки ба қасди расидан ба он ният кардааст - 6 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
37. Ислом ин аст, ки: шаҳодат бидиҳӣ нест маъбуде барҳақ ҷуз Худо ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, намозро барпой дорӣ, закот бидиҳӣ, рӯзаи моҳи Рамазон бидорӣ ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар тавонои онро дошта бошӣ - 32 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
38. Ғазаб накун - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
39. На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
40. Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд
عربي Англисӣ Урду
41. Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
42. Эй ҷавон! Ба ту чанд панд меомӯзонам, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, ӯ Таъолоро пеши рӯи худ биёбӣ. Агар чизе мехоҳӣ, аз Худо бихоҳ ва агар ёрӣ мехоҳӣ аз Худо ёрӣ бихоҳ - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
43. Банда гуноҳ мекунад ва сипас мегӯяд: Парвардигоро! гуноҳони маро биёмурз - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
44. Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
45. Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад - 10 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
46. Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард
عربي Англисӣ Урду
47. Руқия (-и ғайри шаръӣ), тумор ва тивала (барои муҳаббат андохтан дар қалби яке аз ҳамсарон барои дуст доштани ҷониби дигар) ширк аст - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
48. Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
49. Худоё ҳар касе масъулияте бар умматамро бар уҳда гирифт ва бар онон сахтгирӣ намуд, бар ӯ сахтгир бош ва ҳар касе масъулияте бар умматамро ба уҳда гирифт ва бар онон меҳрубонӣ кард, Ту низ бар ӯ меҳрубон ва осонгир бош - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
50. Мардоне ҳастанд, ки ба ноҳақ ба моли Худо даст мезананд, пас барои онҳо рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннам аст - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
51. Худованд ҳар касеро масъулияте болои аз мардум вомегузорад ва ӯ дар ҳоле мемирад, ки бар раияташ хиёнат кардааст, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром гардонидааст
عربي Англисӣ Урду
52. Ҳар кори нек садақа аст
عربي Англисӣ Урду
53. Ҳеҷ амали некро кам нашумор, ҳатто агар бо чеҳраи кушода ба дидори бародарат биравӣ
عربي Англисӣ Урду
54. Нерӯманд касе нест, ки ҳарифро бар замин мезанад, балки нерӯманд касест, ки ҳангоми ғазаб худро идора мекунад - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
55. Ҳар кӣ худро ба қавме монанд бисозад, аз зумраи онон аст
عربي Англисӣ Урду
56. Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт
عربي Англисӣ Урду
57. Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазои аъмолашон расидаанд
عربي Англисӣ Урду
58. Барои як мусалмон ҷоиз нест бештар аз се рӯз бо бародари мусулмонаш қаҳрӣ бимонад, вақте бо ҳам вомехуранд аз ҳамдигар рӯй мегардонанд ва беҳтарини онҳо ҳамон аст, ки бо салом гуфтан оғоз мекунад - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
59. Касе, ки риштаи хешовандиро қатъ мекунад вориди биҳишт намешавад
عربي Англисӣ Урду
60. Суханчин вориди биҳишт намешавад
عربي Англисӣ Урду
61. Ҳар кӣ бихоҳад дар ризқи ӯ фаровонӣ ояд ва аҷали ӯ ба таъхир андохта шавад, пайванди хешовандиро нигоҳ дорад - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
62. Ҳар кӣ ба касе зиён бирасонад, Аллоҳ бар ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ сахтгир бошад, Аллоҳ бар ӯ сахтгир аст
عربي Англисӣ Урду
63. Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш дар ҳоли саҷда будан аст, пас дар ин лаҳза бисёр дуо кунед - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
64. Ҳар касе намози бомдодро хонад, дар амон ва ҳимояти Аллоҳ аст
عربي Англисӣ Урду
65. Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
66. Ҳар кӣ ба мардум раҳм намекунад, Аллоҳ Таоло ба ӯ раҳм намекунад
عربي Англисӣ Урду
67. Нафратовартарин мардум назди Аллоҳ, кинатузтарини хусуматгаронанд - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
68. Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва "Аллоҳу акбар" (Аллоҳ бузург аст), боке надорад бо кадоме аз онҳо оғоз кунӣ
عربي Англисӣ Урду
69. Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку
عربي Англисӣ Урду
70. Ҳаё аз имон аст
عربي Англисӣ Урду
71. Дуо ибодат аст
عربي Англисӣ Урду
72. Ду калимае аст, ки дар забон бисёр сабук, дар тарозу сангин ва назди Худованд маҳбуб ҳастанд - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
73. Назди Аллоҳ Таъоло чизе гиромитар аз дуо нест
عربي Англисӣ Урду
74. Садақа молро кам намекунад, Худованд чун бандаашро мавриди авф қарор диҳад ба ӯ иззати бештар медиҳад, ва ҳеҷ кас дар баробари Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад магар инки ба ӯ бартарӣ мебахшад
عربي Англисӣ Урду
75. Ҳар кас аз обурӯи бародараш дифоъ кунад, Аллоҳ Таъоло дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро аз ӯ дур мегардонад
عربي Англисӣ Урду
76. Ҳар кас дар як рӯз сад бор "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи" бигӯяд, гуноҳонаш омӯрзида мешавад, агарчи ба андозаи кафки дарё бошад
عربي Англисӣ Урду
77. Ҳар кас даҳ бор "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул-мулк ва лаҳул-ҳамд ва ҳува ало кулли шайъин қадир
عربي Англисӣ Урду
78. Ҳар кӣ Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақиҳ (олим) мегардонад - 6 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
79. Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад - 6 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
80. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хушбӯиро рад намекард
عربي Англисӣ Урду
81. Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
82. Дунё матоъ аст ва беҳтарин матоъи дунё зани солеҳа аст
عربي Англисӣ Урду
83. Меҳрубонӣ дар ҳар чизе буд онро зиннат мебахшад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад - 14 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
84. Худованд аз бандае, ки чун таом хурд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад
عربي Англисӣ Урду
85. Муъмин бо ахлоқи нек мақоми шахси рузадори шабзиндадорро дармеёбад
عربي Англисӣ Урду
86. Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд
عربي Англисӣ Урду
87. Аллоҳи Мутаъол фармудааст: Эй фарзанди одам! инфоқ кун, то Ман низ бар ту инфоқ кунам
عربي Англисӣ Урду
88. Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад
عربي Англисӣ Урду
89. Ман пас аз худ барои мардон озмоише зиёновартар аз занон боқӣ нагузоштам
عربي Англисӣ Урду
90. Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда
عربي Англисӣ Урду
91. Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон бо таноб баста шудааст - 18 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
92. Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро меомӯзад ва онро ба дигарон таълим медиҳад - 22 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
93. Ҳар кӣ ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъӯзу бикалимотиллоҳит-томот мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то замоне, ки онҷо аст ба ӯ зиёне нахоҳад расид - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
94. Оё туро ба коре нафиристам, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маро барои анҷоми он фиристода буд? Инки ҳеҷ муҷассамаеро боқӣ нагузорӣ ва ҳар қабри баландро дидӣ онро ҳамвор созӣ - 6 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
95. Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то инки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
96. Ҳар кӣ фолбинӣ кунад ё назди фолбин биравад, ғайб ва пешгӯӣ кунад ё назди касе биравад барояш пешгӯӣ кунад, ё ҳар касе сеҳр кунад ва ё назди соҳир биравад
عربي Англисӣ Урду
97. Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
98. Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст
عربي Англисӣ Урду
99. Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки бо он ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шудаанд
عربي Англисӣ Урду
100. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) некуахлоқтарини мардум буд
عربي Англисӣ Урду
101. баъд аз ҳар намоз ин зикр вирди забони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд
عربي Англисӣ Урду
102. Хонаҳои худро (ба монанди) қабристон нагардонед, Ҳамоно шайтон аз хонае, ки дар он сураи Бақара хонда мешавад гурезон аст - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
103. Инки бигӯям Субҳоналлоҳ, Алҳамду лиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ ва Аллоҳу акбар, барои ман маҳбубтар аз ҳар чизе аст, ки офтоб бар он тулӯъ мекунад
عربي Англисӣ Урду
104. Ҳеҷ рузе нест, ки амали нек назди Худованд маҳбубтар аз ин рӯзҳо бошад". Яъне: рӯзҳои даҳгона - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
105. Ҳар кӣ намози асрро тарк кунад, амалаш табоҳ шудааст - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
106. Ҳар кӣ таҳорат кунад ва онро нек анҷом диҳад, гуноҳони ӯ аз баданаш, ҳатто аз зери нохунҳояш берун меояд
عربي Англисӣ Урду
107. Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст - 8 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
108. Ҳар кас як ҳарф аз Қуръон бихонад, барояш як ҳасана аст ва ҳар ҳасана даҳ баробари он аст - 8 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
109. Агар мард ба қасди касби аҷр ба хонаводаи худ инфоқ кунад барояш садақа навишта мешавад
عربي Англисӣ Урду
110. Имон ҳафтоду чанд -ё шасту чанд- шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст
عربي Англисӣ Урду
111. Ҳар шутур, ки дар гардан ресмон ва гарданбанд дорад бурида шавад - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
112. Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва (боқӣ) ҳисобаш назди Аллоҳ аст
عربي Англисӣ Урду
113. Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд
عربي Англисӣ Урду
114. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳама ҳолат зикри Аллоҳро мекард - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
115. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қазаъ (тарошидани як қисме аз мӯи сар ва гузоштани қисмати дигар) наҳй фармуданд
عربي Англисӣ Урду
116. Он як калимаи ҳақ аст, ки ҷин онро медуздад ва монанди қуд-қуди мурғ дар гӯши валии худ қарор медиҳад, сипас онҳо сад дурӯғи дигар дар атрофи он меафзоянд
عربي Англисӣ Урду
117. Мо назди Умар будем ва ӯ гуфт: мо аз такаллуф наҳй шудаем
عربي Англисӣ Урду
118. Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад
عربي Англисӣ Урду
119. Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он
عربي Англисӣ Урду
120. Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред
عربي Англисӣ Урду
121. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ду саҷда мегуфт: "Худоё бар ман мағфират кун ва бар ман раҳм кун ва бар ман офият бибахш ва манро ҳидоят кун ва бар ман ризқу рӯзи ато фармо - 6 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
122. Аллоҳумма Анта Салом ва минка салом, таборакта зул-ҷалоли вал-икром
عربي Англисӣ Урду
123. Истода намоз бигзор, агар наметавонӣ нишаста ва агар наметавонӣ ба паҳлу - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
124. Оё нидои намоз (азон)-ро мешунавӣ?" Гуфт: Бале. Паёмбари Худо фармуд: пас иҷобат кун
عربي Англисӣ Урду
125. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хутбаи ҳоҷатро ба мо омӯхт - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду