3. Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард - 4 ملاحظة
6. ин хун аз раг аст, аммо намозро ба андозаи рӯзҳое, ки ҳайз мешудӣ тарк кун, сипас ғусл бикун ва намоз бихон
7. Ҳар гоҳ яке аз шумо таҳорат кард, пас обро дар бинии худ биандозад ва сипас онро берун бирезад ва касе, ки баъд аз қазои ҳоҷат бо чизе ғайр аз об ҷои наҷосатро пок кард, онро бо адади тоқ (1 ё 3 ё 5) анҷом диҳад
8. Агар шахсе ба хонааш дарояд ва ҳангоми дохил шудан ва хӯрок хӯрданаш Аллоҳро ёд кунад, шайтон мегӯяд: Имшаб инҷо ҷойи хоб ва хӯрок надоред - 2 ملاحظة
9. Дар ҳақиқат, дунё ширину сарсабз аст ва Аллоҳ дар он шуморо ҷонишин қарор додааст ва мебинад, ки чӣ гуна амал хоҳед кард. Пас аз дунё ва аз занон битарсед - 2 ملاحظة
11. Оё яке аз шумо наметарсад - ё, оё касе аз шумо наметарсад - , ки агар сари худро пеш аз имом бардорад, Аллоҳ сари ӯро ба сари хар табдил кунад ё рӯяшро ба рӯйи хар табдил кунад
12. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки кафи дастам байни ду кафи дастонаш буд, ончунон ба ман Ташаҳҳудро омӯзонд, мисле, ки сурае аз Қуръонро таълим медод
13. Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам - 2 ملاحظة
14. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ ҳоҷатхона медаромаданд, ин дуоро мегуфтанд:" Илоҳо, ман аз хабисиҳои нарина ва модина ба Ту паноҳ мебарам
15. Худхоҳӣ ва дигар корҳое рух хоҳад дод, ки онро инкор хоҳед кард." Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! (дар он ҳолат) моро ба чӣ амр мекунӣ? Гуфт: " Он ҳаққе, ки бар шумо аст, анҷом медиҳед ва он чи барои шумо аст, аз Аллоҳ мехоҳед
16. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ аз ҷанобат ғусл мекард, дастонашро мешуст, сипас таҳорати мисли таҳорати намозро анҷом медод, сипас ғусл мекард
17. Мисоли касе, ки назди ҳудуди илоҳӣ истода (ва ба он ворид намешавад) ва он ки дар он воқеъ шудааст, монанди гурӯҳе аст, ки (барои нишастан) дар як киштӣ қуръа кашиданд, пас насиби баъзеҳо болои он шуд ва насиби дигарон поини он - 8 ملاحظة
18. Ман марде будам, ки аз ман бисёр мазӣ хориҷ мешуд ва ба далели ҷойгоҳи духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (чун Алӣ домоди Паёмбар буд) шарм мекардам, ки дар ин бора аз эшон бипурсам. Пас Миқдод ибни Асвадро амр кардам, ки аз эшон суол кунад. Пас фармуданд: "Олати худро мешӯяд ва таҳорат мекунад
20. То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо муҳаббат пайдо шавад? Саломро байни худ паҳн кунед - 2 ملاحظة
21. Кадом кор назди Аллоҳ маҳбубтар аст? Гуфт: "(Адои намоз дар вақти муқарраршудааш". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Некӣ бар падару модар". Гуфтам: Сипас кадом? Гуфт: "Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ - 2 ملاحظة
22. Марде дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасти чапаш таом хӯрд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо дасти ростат бихӯр". Ӯ гуфт: Наметавонам, Эшон фармуданд: "Ҳаргиз натавонӣ
23. Касе, ки ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барояш аҷри касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз аҷру савоби онҳо чизе кам шавад
24. Фоли бад (бадгумонӣ барои оянда) задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, -се маротиба гуфтанд-". Ва ин чиз ногузир дар дили мо меафтад, аммо Аллоҳ Азза ва Ҷалла онро бо таваккал аз байн мебарад
25. ва ба ӯ гуфтем: Ту сайид (сарвар)-и моӣ. Ӯ дар ҷавоб гуфт: " Сайид Аллоҳ аст". Гуфтем: Беҳтарини мо аз рӯи фазлу шараф ва бартарӣ ҳастӣ ва бахшандатарин ва волотарини мо ҳастӣ. Пас фармуд:" Сухани худро ё баъзе аз сухани худро бигӯед ва шайтон шуморо дар роҳи ботил накашонад (васваса накунад)
26. Эй мардум! Аз ғулув ва зиёдаравӣ барҳазар бошед, зеро касонеро, ки пеш аз шумо буданд, ғулуви дар дин ҳалок кард
28. Сирояти беморӣ ва фоли бад ҳақиқат надорад, тафоул ва хушбинӣ бароям писанд аст". Гуфтанд: Фоли нек гирифтан чист? Фармуд: "Сухани некӯ
29. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ансор фармуданд: "Ҳеҷ кас онҳоро дӯст намедорад, магар муъмин. Ва ҳеҷ кас, аз онҳо нафрат надорад, магар мунофиқ. Ҳар ки онҳоро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад. Ва ҳар ки аз онҳо нафрат дорад, Аллоҳ аз ӯ нафрат дорад
31. Бароят басанда буд, ки бо дастонат чунин букунӣ". Сипас дастонашро як бор дар замин зад ва бо дасти чап дасти росташ ва пушти дастонаш ва рӯяшро масҳ кард
32. Ман ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле, ки ҳарду ҷунуб будем аз як зарф ғусл мекардем. Ва ҳангоми дар ҳолати ҳайз буданам манро амр мекард, ки эзор бипӯшам ва бо ман муошират мекард
33. Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба: Гувоҳӣ додан, ки нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз, закот додан, шунидану итоат кардан, хайрхоҳӣ ва насиҳат барои ҳар мусалмон, байъат кардам
34. Тақвои Парвардигоратонро пеша созед, намозҳои панҷгонаи худро бихонед, моҳи Рамазонро рӯза гиред, закоти молҳоятонро бипардозед ва аз валӣ амри худ итоат кунед, то ба биҳишти Парвардигоратон ворид шавед
35. Манро ба коре роҳнамоӣ кун, ки агар онро анҷом додам вориди биҳишт шавам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Аллоҳро ибодат мекунӣ ва чизеро ба Ӯ шарик намесозӣ, намозҳои фарзро анҷом медиҳӣ, закоти фарзшударо мепардозӣ ва моҳи Рамазонро рӯза мегирӣ - 2 ملاحظة
36. Ҳамаи уммати ман дар амон хоҳанд буд, магар ошкоркунандагон, онон, ки гуноҳони худро ошкор мекунанд - 2 ملاحظة
37. Пас бар чӣ чизе бо шумо байъат кунем? Фармуд:"Бар ин ки Аллоҳро ибодат кунед ва чизеро ба Ӯ шарик наёваред ва намозҳои панҷгонаро адо кунед. Ва ин ки итоат кунед - ва чизеро паст гуфт нафаҳмидем - ва аз мардум чизе напурсед
38. Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот бидиҳанд
40. (Аҷру подоши) намози як марди мусалмон бо ҷамоат, бисту чанд дараҷа бештар аз намозест, ки дар хона ва дар бозор мехонад, мешавад
41. Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷояш намеҷунбад, то ин ки дар бораи умраш аз ӯ пурсида шавад, ки чӣ гуна онро ба сар бурдааст. Ва дар бораи илмаш, ки чӣ гуна ба он амал кардааст. Ва дар бораи молаш, ки аз куҷо онро ба даст оварда ва дар куҷо сарф кардааст. Ва дар бораи баданаш, ки дар чӣ роҳе онро фарсуда кардааст
42. Оё дидаед, ки агар дар назди дари яке аз шумо дарёе бошад, ки дар он ҳар рӯз панҷ бор ғусл кунад. Чӣ мегӯед, оё аз нопокиаш чизе боқӣ мемонад? - 2 ملاحظة
43. Мисоли муъминон дар муҳаббат, шафқат ва раҳмдилӣ монанди бадан аст, ки агар яке аз узвҳои он шикоят кунад, тамоми бадан бо бехобӣ ва таб бо он ҳамроҳӣ мекунад - 8 ملاحظة
44. Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз хондан амр кунед ва дар даҳсолагӣ онҳоро барои намоз бизанед ва ҷои хоби ононро ҷудо кунед - 2 ملاحظة
45. Ҳеҷ чиз дар рӯзи қиёмат дар тарозуи муъмин сангинтар аз ахлоқи некӯ нест ва Аллоҳ аз шахси зиштгӯй ва баддаҳон нафрат дорад - 2 ملاحظة
46. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди мо баромад. Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ, мо ба шумо салом доданро омухтем. Пас, чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем? - 2 ملاحظة
49. Аз ҳама бештар дуои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд: "Аллоҳумма, Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор." (Худоё, Парвардигори мо! Ба мо дар дунё ва дар охират некӣ ато кун. Ва моро аз оташи дӯзах наҷот деҳ)
51. Аз зулм бипарҳезед, зеро зулм торикиҳои рӯзи қиёмат аст. Ва аз бахилӣ бипарҳезед, зеро бахилӣ мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, ҳалок сохт, - 2 ملاحظة
52. марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё намешиносӣ
55. марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва дар бораи чизе бо ӯ гуфтугӯ кард. Пас гуфт: Он чи Аллоҳ бихоҳад ва ту бихоҳӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё манро бо Аллоҳ баробар қарор додӣ? Бигӯ: Танҳо он чи Аллоҳ бихоҳад
56. Сахттарин азобро назди Аллоҳ дар рӯзи қиёмат касоне доранд, ки кӯшиш мекунанд монанди махлуқоти Аллоҳ бисозанд
58. Бигӯ: Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, Аллоҳу акбару кабиран вал-ҳамдулиллоҳи касиран ва субҳоналлоҳи раббилъоламина ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-ъазизил-ҳаким - 6 ملاحظة
59. Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вақти намози фарзиаш фаро расад ва ба хубӣ таҳорат кунад ва бо хушуъ ва фурутанӣ намозашро анҷом диҳад, магар ин ки каффораи гуноҳони пеш аз он омадааш хоҳад шуд, агар муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин барои ҳамеша аст
60. Мисоли муъмине, ки Қуръонро мехонад, мисли турунҷ (Cytron) аст, бӯйи хуш дорад ва таъмаш ҳам хуш аст. Ва мисоли муъмине, ки Қуръон намехонад, монанди хурмо аст, ки бӯй надорад ва таъмаш хуш аст - 8 ملاحظة
61. Азкоре, ки баъди ҳар намози фарз аст, гӯяндааш - ё анҷом диҳандааш- баъд аз ҳар намоз, пушаймон намегардад: сию се бор тасбеҳ гуфтан, сию се бор ҳамд гуфтан ва сию чаҳор бор такбир гуфтан аст
62. Ҳар ки ҳангоми шунидани муаззин бигӯяд: "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Разийту биллоҳи раббан ва би Муҳаммадин расулан ва бил-Исломи динан", гуноҳони ӯ омурзида мешаванд." Тарҷума: "Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди бар ҳақе нест ҷуз Аллоҳ, ки ягона ва бешарик аст. Ва ба ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ аст. Ба Аллоҳ, ҳамчун Парвардигорам ва Муҳаммад, ҳамчун Паёмбарам ва ба Ислом ҳамчун динам, розӣ ҳастам
63. Фарзанди одам манро такзиб кард, дар ҳоле ки набояд чунин мекард. Ва манро дашном дод, дар ҳоле ки набояд чунин мекард
64. Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад - 2 ملاحظة
66. Марде таҳорат кард ва ҷоеро дар пояш ба миқдори нохун ношуста монд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро дид ва фармуд: "Баргард ва таҳорататро хуб анҷом деҳ". Он мард баргашт таҳорат карда ва сипас намозашро хонд
67. Ду тоифа аз аҳли дӯзах ҳастанд, ки онҳоро надидаам: Тоифае, ки тозиёнаҳое чун думи гов доранд ва бо он мардумро мезананд. Ва занҳои нимабараҳнае, ки либос пӯшидаанд, аммо дар ҳақиқат бараҳнаанд ва аз роҳи дуруст мунҳариф шудаанд ва дигаронро низ ба инҳироф ва фитна мекашонанд
72. Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад - 4 ملاحظة
73. Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад
75. Ҳар кас баъд аз ҳар намоз сию се бор тасбеҳ гӯяд ва сию се бор ҳамд гӯяд ва сию се бор такбир гӯяд, яъне наваду нуҳ бор. Ва дар такмили сад: "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир" бигӯяд. Хатоҳои ӯ бахшида хоҳанд шуд, агарчи монанди кафки баҳр бошанд - 2 ملاحظة
76. Ҳар кас дар охири ҳар намози фарз "Оятул-курсӣ"-ро бихонад, ба ҷуз маргаш чизе аз дохил шуданаш ба биҳишт монеъ намешавад
77. Ин амр ба он ҷое мерасад, ки шабу рӯз расидааст. Ва Аллоҳ Таъоло ҳеҷ хонаеро дар шаҳр (ва русто) ва бодия раҳо намекунад, магар ин динро вориди он мекунад
78. Агар яке аз шумо дар намози худ шак кунад ва надонад, ки се ё чаҳор ракаъат хондааст, бигзор шакро канор гузорад ва бар он чи яқин дорад, амал кунад ва пеш аз салом додан ду саҷда кунад
79. Ҳар масткунандае май аст ва ҳар масткунанда ҳаром аст ва ҳар кас дар дунё май нӯшад ва дар ҳоли гирифтории он бимирад ва тавба накарда бошад, дар охират онро наменӯшад - 6 ملاحظة