Дастабандӣ: Ақида . Номҳо ва аҳком . Ширк .
+ -

عن أبي هريرة رضي الله عنه عن النبي صلى الله عليه وسلم:
«اللهُمَّ لَا تَجْعَلْ قَبْرِي وَثَنًا، لَعَنَ اللهُ قَوْمًا اتَّخَذُوا قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ مَسَاجِدَ».

[صحيح] - [رواه أحمد] - [مسند أحمد: 7358]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
" Худоё! қабри маро чун бутхона магардон, Аллоҳ лаънат кунад қавмеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид гирифтаанд".

[صحيح] - [رواه أحمد] - [Муснади Аҳмад - 7358]

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи Парвардигор дуо фармуд то қабри ӯро монанди буте ки парастида мешавад ва сӯи он саҷда гузошта мешавад, нагардонад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ фармуданд, ки Худованд касонеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро ҳамчун масҷид гирифтанд аз раҳматаш дур ва ронда кардааст, зеро масҷид қарор додани он чизе ҷуз васила ва баҳона барои ибодат ва эътиқод доштанд ба онҳо нест.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада Озарӣ Узбекӣ Украинӣ
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Зиёдаравӣ аз меъёри шаръӣ дар мавриди қабрҳои паёмбарон ва солеҳон, боиси парастиши онҳо ба ғайр аз Аллоҳ мегардад, бинобар ин бояд аз ҳаргуна васила, ки ба ширк мерасонад барҳазар буд.
  2. Ба қасди ибодат ва ё бузургдошти қабрҳо рафтан, новобаста аз он ки соҳиби қабр аз солеҳон ва дӯстони Аллоҳ бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест.
  3. Бино кардани масҷид бар қабрҳо ҳаром аст.
  4. Хондани намоз назди қабр, агарчи масҷид ҳам онҷо бино нашуда бошад, ҳаром аст, ба ҷуз намози ҷаноза назди қабре, ки бар ӯ намози ҷаноза хонда нашуда бошад.