Дастабандиҳои ҷузъӣ

Рӯйхати ҳадисҳо

1. Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
2. Касе ки исломаш некӯ бошад - некӯӣ дар ислом ба маънои пойбанд будан дар дин ва тарки гуноҳон аст - ба ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додааст бозхост нахоҳад шуд, (баробар аст, ки гуноҳ кабира бошад, монанди зино ва куштор, ё аз гуноҳони сағира (хурд)). Ва касе дар ислом муртакиби кори баде шуд (ва аз динаш баргардад), барои ончи дар ҷоҳилият ва ҳам барои ончи пас аз ислом оварданаш муртакиб шудааст, бозхост хоҳад шуд
عربي Англисӣ Урду
3. агар намозҳои фарз (намозҳои панҷгона)-ро ба ҷо орам, моҳи рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром бидонам
عربي Англисӣ Урду
4. Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
5. Огоҳ бошед, ки чи басо ҳадиси ман ба марде бирасад ва ӯ дар ҳоле ки бар тахту такягоҳи худ такя задааст бигӯяд: миёни ману шумо китоби Аллоҳ аст - 6 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
6. Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад
عربي Англисӣ Урду
7. Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд
عربي Англисӣ Урду
8. Худованд рӯзи қиёмат мардеро аз уммати ман дар баробари мардум ихтиёр намуда
عربي Англисӣ Урду
9. Вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид, Ҷибраил (Алайҳис-салом)
عربي Англисӣ Урду
10. Худованд панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниш замин ва осмонҳо, тақдири халоиқро навиштааст
عربي Англисӣ Урду
11. Эй Расули Худо! Ман ба тамоми анвоъи аз гуноҳон даст задаам (оё Худованд тавбаи манро мепазирад?) Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст?
عربي Англисӣ Урду
12. зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз
عربي Англисӣ Урду
13. Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд
عربي Англисӣ Урду
14. Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин аст, ки мегӯед?" Гуфтанд: бале. Фармуданд: "Он имони холис аст
عربي Англисӣ Урду
15. ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст, ки найранги ӯро ба васваса табдил дод
عربي Англисӣ Урду
16. Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад
عربي Англисӣ Урду
17. Амалҳо шаш (даста) ҳастанд, ва мардум чаҳор (даста) ва сипас ду воҷиб аст, мисл ба мисл аст ва як ҳасана (некӣ) баробар аст ба даҳ ҳасанаи ҳаммислаш, як ҳасана баробар аст ба ҳафтсад ҳасана
عربي Англисӣ Урду
18. Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт
عربي Англисӣ Урду
19. Некиҳое, ки пеш аз Ислом пазируфтан анҷом додаи, бо ту ҳастанд
عربي Англисӣ Урду
20. Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад
عربي Англисӣ Урду
21. Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад
عربي Англисӣ Урду
22. Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад
عربي Англисӣ Урду
23. Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад
عربي Англисӣ Урду
24. Қиёмат барпо намешавад, то онки шумо бо яҳудиён меҷангед, ҳатто санге, ки яҳудӣ пушти он пинҳон шудааст мегӯяд: эй мусалмон! Ин яҳудӣ аст пушти ман пинҳон шудааст, ӯро бикуш
عربي Англисӣ Урду
25. Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд
عربي Англисӣ Урду
26. Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
27. Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд
عربي Англисӣ Урду
28. Қасам ба Онки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст, зарфҳои ҳавз бештар аз ситорагони осмон
عربي Англисӣ Урду
29. Марг ба шакли қучқори сиёҳ-сафед - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
30. Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст
عربي Англисӣ Урду
31. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ ростгӯ ва тасдиқшуда аст ба мо чунин фармуданд: "Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки ба муддати чиҳил рӯз дар батни модар, ҷамъ меояд - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
32. Ҳама чиз вобаста ба тақдир аст, ҳатто оҷизию нотавонӣ ва зиракию ҳӯшёрӣ
عربي Англисӣ Урду
33. Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад
عربي Англисӣ Урду
34. ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам
عربي Англисӣ Урду
35. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ишора ба матлабе кард ва фармуд:" Он ҳангоми аз байн рафтани илм аст
عربي Англисӣ Урду
36. Аҳли китобро на тасдиқ кунед ва на такзиб, балки бигӯед: (Имон овардем ба Аллоҳ ва ба ончи бар мо нозил шудааст)
عربي Англисӣ Урду
37. Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед - 2 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
38. Худованд мисоли роҳи рост (Сироти мустақим)-ро ин гуна баён медорад
عربي Англисӣ Урду
39. Бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ ваҳй нозил шуд - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
40. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҷудоӣ миёни сураҳоро намедонист магар дар ҳоле, ки (Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим) нозил мешуд
عربي Англисӣ Урду
41. Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?
عربي Англисӣ Урду
42. Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ - 4 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
43. Касе, ки Қуръонро ошкор мехонад монанди касе аст, ки садақаро ошкор медиҳад, ва касе, ки Қуръонро пинҳон мехонад монанди касе аст, ки садақаро пинҳон медиҳад
عربي Англисӣ Урду
44. даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд
عربي Англисӣ Урду
45. Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад эй Абумунзир - 10 ملاحظة
عربي Англисӣ Урду
46. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)
عربي Англисӣ Урду
47. Агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Худо аз онҳо ном бурдааст, пас аз онон барҳазар бош
عربي Англисӣ Урду
48. Оё касе, ки дар дунё ӯро бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест рӯзи қиёмат ӯро он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад"?
عربي Англисӣ Урду
49. Бигу: нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ, то дар рӯзи қиёмат бароят гувоҳӣ бидиҳам
عربي Англисӣ Урду