+ -

عن أبي هريرة رضي الله عنه عن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال:
«مَنْ كَانَ يُؤْمِنُ بِاللهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ فَلْيَقُلْ خَيْرًا أَوْ لِيَصْمُتْ، وَمَنْ كَانَ يُؤْمِنُ بِاللهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ فَلْيُكْرِمْ جَارَهُ، وَمَنْ كَانَ يُؤْمِنُ بِاللهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ فَلْيُكْرِمْ ضَيْفَهُ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 47]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
«Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад; ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро икром намояд».

[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 47]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки ҳар касе ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад, ки бозгашташ ба он ҷост ва бар асоси амалҳояш подош дода мешавад, имонаш ӯро ба анҷоми аъмоли зер водор месозад:
Аввал: Сухани нек, аз ҷумла тасбеҳу таҳлил ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ислоҳкорӣ байни мардум. Пас агар ҳар кӣ ин амалҳоро анҷом намедиҳад сукутро интихоб кунад ва аз озори мардум бипарҳезад ва забонашро нигоҳ дорад.
Дуввум: Эҳтироми ҳамсоя, бо некӣ кардан ва зарар нарасонидан ба ӯ.
Севум: Иззат ва эҳтироми меҳмоне, ки ба дидори ту меояд, яъне пазироӣ аз ӯ бо сухани нек ва гузоштани дастархон ва ончи муяссар барои туст.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Имон ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат сарчашмаи ҳама некиҳост ва инсонро ба анҷоми некиҳо фаро мехонад.
  2. Ҳушдор ва огоҳӣ аз захмҳои забонӣ.
  3. Дини Ислом дини улфат ва саховатмандӣ аст.
  4. Сифатҳои мазкур аз шохаҳои имон ва аз одоби ҳамида ҳастанд.
  5. Пургӯӣ ва зиёдаравӣ дар сухан мумкин аст сабаби воқеъ шудан дар макрӯҳ ва ё ҳаром гардад, ҳамингуна некӣ дар сухан нагуфтан аст, магар инки сухани нек бигӯяд.