+ -

عن عبد الله بن عمر رضي الله عنهما قال:
سَمِعَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَجُلًا يَعِظُ أَخَاهُ فِي الْحَيَاءِ، فَقَالَ: «الْحَيَاءُ مِنَ الْإِيمَانِ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح مسلم: 36]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро шунид, ки бародарашро дар бораи ҳаё панд медод, Паёмбари Худо гуфт: "Ҳаё аз имон аст".

[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Муслим - 36]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро шунид, ки бародарашро ба тарки зиёдаравӣ дар ҳаё насиҳат мекард, Паёмбари Худо барои ӯ баён фармуданд, ки ҳаё аз имон аст ва он хайру некӣ ба бор меорад.
Ҳаё рафторе аст, ки боиси анҷоми амалҳои зебо ва тарки корҳои зишт мегардад.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ончи ки шуморо аз корҳои нек бозмедорад, ҳаё номида намешавад, балки он хиҷолат, нотавонӣ, тарсуӣ ва буздилӣ аст.
  2. Шарму ҳаё дар баробари Аллоҳ бо анҷоми дастурот ва тарки манъкардаҳои Ӯ Таъоло ҳосил мешавад.
  3. Шарму ҳаё аз мардум иборат аст аз эҳтироми онҳо, қадрдонии онҳо ва дурӣ аз амалҳое, ки миёни мардум зишт дониста мешавад.