عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«الدُّعَاءُ لاَ يُرَدُّ بَيْنَ الأَذَانِ وَالإِقَامَةِ».

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Дуои байни азон ва иқома рад намешавад".

Саҳеҳ رواه أبو داود والترمذي والنسائي Сунани Тирмизӣ - 212

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати дуо байни азон ва иқоматро баён намуданд, ки он рад карда намешавад ва сазовори иҷобат аст. Бинобар ин дар он вақт дуо кунед ва аз Аллоҳ Таъоло бихоҳед.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Фазилати ин вақт барои дуо.
  2. Агар дуокунанда бо одобҳои дуо ороста бошад, дар маконҳо ва замонҳои беҳтар дуо кунад, аз нофармонӣ ба Худо дурӣ ҷӯяд, худро аз шубҳаҳо ва чизҳои гумроҳкунанда нигоҳ дорад ва нисбат ба Худо гумони нек дошта бошад, сазовори он аст, ки - бо хости Худо - дуояш пазируфта шавад.
  3. Муновӣ дар бораи иҷобати дуо гуфтааст: Баъд аз ҷамъ овардани шартҳо, рукнҳо ва одобҳои дуо, агар чизе аз онҳоро амалӣ накард, ғайр аз худаш дигар касеро маломат накунад.
  4. Иҷобати дуо чанд ҳолат дорад: ё зуд иҷобат мешавад, ё ба ҷойи он шарре аз ӯ дур карда мешавад, ё савоби он дар охират барояш захира карда мешавад. Ин ҳама тибқи ҳикмат ва раҳмати Худованд сурат мегирад.

Намоиши тарҷумаҳо

50 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية