عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«اللهُمَّ أَصْلِحْ لِي دِينِي الَّذِي هُوَ عِصْمَةُ أَمْرِي، وَأَصْلِحْ لِي دُنْيَايَ الَّتِي فِيهَا مَعَاشِي، وَأَصْلِحْ لِي آخِرَتِي الَّتِي فِيهَا مَعَادِي، وَاجْعَلِ الْحَيَاةَ زِيَادَةً لِي فِي كُلِّ خَيْرٍ، وَاجْعَلِ الْمَوْتَ رَاحَةً لِي مِنْ كُلِّ شَرٍّ».
[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 2720]
المزيــد ...
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ, ва аслиҳ лӣ дунёя аллатӣ фиҳо маошӣ, ва аслиҳ лӣ охиратӣ аллатӣ фиҳо маъодӣ, ва-ҷъалил-ҳаёта зиёдатан лӣ фӣ кулли хайр, ва-ҷъалил-мавта роҳатан лӣ мин кулли шар." Тарҷума: “Эй Аллоҳ! Динамро, ки он ҳифозаткунандаи амри ман аст, ислоҳ намо; ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман қарор дорад, ислоҳ гардон; ва охиратамро, ки бозгаштам ба сӯи он аст, ислоҳ гардон; ва зиндагиямро боиси афзоиши корҳои нек бигардон; ва маргро аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ.”
[Саҳеҳ] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 2720]
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуое карданд, ки дар он тамоми асосҳои ахлоқи нек гирд оварда шудааст. Ҳамон ахлоқе, ки ӯ барои такмили онҳо фиристода шуда буд. Дар ин дуои мухтасар, ислоҳи дину дунё ва охират дархост шудааст. Бо дуо барои ислоҳи дин оғоз карданд, зеро ислоҳи дин сабаби ислоҳи ҳолати ду дунё — дунё ва охират — мегардад. Ҳамин тавр гуфтанд:
(Эй Аллоҳ, динамро барои ман ислоҳ фармо), яъне, маро тавфиқ деҳ, то тавонам одоби диниро ба беҳтарин ва комилтарин шакл ба ҷо биёрам.
(Ки он муҳофиз ва нигаҳбони ҳамаи кори ман аст), яъне, дин такягоҳ ва пояи ҳамаи умури инсон аст. Агар динам фосид шавад, ҳама умури ман фосид мешавад ва ба хорӣ ва зиён гирифтор мешавам. Чун ислоҳи дин бе ислоҳи дунё комил намешавад, бинобар ин баъдаш гуфт:
(Ва дунёи манро ислоҳ фармо), яъне, бо додани саломатии ҷисмӣ, амну амон, ризқ, ҳамсари хуб, фарзандони нек ва он чи ба он ниёз дорам ва ҳалол бошад ва манро дар ибодати Ту ёрӣ диҳад. Сипас узреро дар саволи худ барои ислоҳ зикр намуда фармуданд:
(ки дар он рӯзии ман аст) ва ҷои зиндагиву вақти ҳаёти ман мебошад.
(Ва охирати маро, ки бозгаштам дар он аст, ислоҳ фармо), яъне, охират макони бозгашт ва дидори Парвардигор аст, пас онро бо некии аъмол, ихлос, ибодат ва анҷоми нек (ҳусни хотима) барои ман дуруст гардон.
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) охиратро пас аз дунё зикр кард, зеро дунё василаест барои ислоҳ ва ободии охират. Ҳар касе, ки дар дунёаш мувофиқи хости Худо зиндагӣ кунад ва ростқадам бошад, охираташ низ барои ӯ дуруст ва бо саодат хоҳад буд.
(Ва зиндагиямро) дарозии умрамро (боиси афзоиши корҳои нек бигардон) барои он ки амалҳои некро бештар анҷом диҳам. (Ва маргро) барвақт расиданашро (аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ) барои ман ҳамчун осоиш ва раҳоӣ аз ҳар бадӣ, фитна, санҷиш, гуноҳ ва ғафлат, ҳамчунин раҳоӣ аз машаққат ва ғамҳои дунё ва расидан ба осоиш қарор деҳ.