عَنِ أَبِي مُوسَى رضي الله عنه، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُ كَانَ يَدْعُو بِهَذَا الدُّعَاءِ:
«رَبِّ اغْفِرْ لِي خَطِيئَتِي وَجَهْلِي، وَإِسْرَافِي فِي أَمْرِي كُلِّهِ، وَمَا أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي، اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي خَطَايَايَ، وَعَمْدِي وَجَهْلِي وَهَزْلِي، وَكُلُّ ذَلِكَ عِنْدِي، اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي مَا قَدَّمْتُ وَمَا أَخَّرْتُ، وَمَا أَسْرَرْتُ وَمَا أَعْلَنْتُ، أَنْتَ المُقَدِّمُ وَأَنْتَ المُؤَخِّرُ، وَأَنْتَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 6398]
المزيــد ...
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро мехонданд:
"Парвадигоро! Иштибоҳот ва нодонию зиёдаравӣ дар корамро ва он чи Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, мағфират кун. Эй Аллоҳ! Гуноҳони ҷиддӣ, шӯхӣ ва саҳвӣ ва амдии маро бибахш, ва ман иқрор мешавам, ки муртакиби ҳамаи онҳо шудаам. Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам ва Ту аз ман ба онҳо донотар ҳастӣ, бибахш. Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ- ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ - ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ."
[Саҳеҳ] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 6398]
Яке аз дуоҳои ҷомеъ ва комили Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд, ки мефармуданд:
"Парвардигоро! Хатогиям, гуноҳам ва нодониямро бибахш" Ва он чи надониста аз ман сар задааст, бибахш.
"Ва исрофам дар ҳама корҳоям", яъне камбудӣ ва аз ҳад гузарониам.
"Ва он чи Ту аз ман беҳтар медонӣ", ки ту, эй Аллоҳ, медонӣ ва ман фаромӯш кардаам.
"Ё Аллоҳ, хатоҳо ва гуноҳоне, ки ман қасдан ва дониста анҷом додаам, бибахш." Эй Аллоҳ, ҳамаи хатоҳо ва гуноҳонеро, ки аз рӯйи қасд ва бо огоҳӣ аз гуноҳ буданаш анҷом додаам, барои ман биёмурз.
"Ва ҷиддӣ ва шӯхӣ", яъне он чи аз шӯхӣ ва ҷиддӣ аз ман рух додааст, дар ҳарду ҳолат.
"Ва ҳамаи инҳо назди ман аст", яъне ҳама гуноҳон ва камбудиҳое, ки зикр карда шуд дар ман ҳаст.
"Эй Аллоҳ! Гуноҳоне, ки пеш аз марг муртакиб шудам", ҳар он чи ки гузашт, "ва гуноҳоне, ки осораш пас аз марг ҳамчунон боқӣ мемонад", ҳар он чи дар оянда меояд.
"ва гуноҳоне, ки пинҳону ошкор анҷом додаам", Он чиро, ки пинҳонӣ ва ошкоро анҷом додаам.
"Ин Ту ҳастӣ, ки ҳар касеро бихоҳӣ ба сӯи корҳои неку биҳишт - ба пеш мебарӣ - ва ҳар касеро бихоҳӣ аз корҳои неку биҳишт - ба таъхир меандозӣ." Касеро, ки мехоҳӣ ба раҳматат пеш мебарӣ ва тавфиқ медиҳӣ ба он чи ки Ту розӣ ҳастӣ. Ва касеро, ки мехоҳӣ аз он дур мегардонӣ ва ӯро хор мекунӣ, пас он чиро, ки Ту дур намудӣ, наздиккунандае нест ва он чиро наздик кардӣ, дуркунандае нест.
"Ва Ту бар ҳама чиз қодиру тавоно ҳастӣ", бо қудрат ва иродаи комил, ҳарчиро бихоҳӣ онро амалӣ мекунӣ.