عَنِ ابنِ عُمَرَ رضي الله عنهما قَالَ:
لَمْ يَكُنْ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَدَعُ هَؤُلَاءِ الدَّعَوَاتِ، حِينَ يُمْسِي وَحِينَ يُصْبِحُ: «اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْعَافِيَةَ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ، اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْعَفْوَ وَالْعَافِيَةَ فِي دِينِي وَدُنْيَايَ وَأَهْلِي وَمَالِي، اللَّهُمَّ اسْتُرْ عَوْرَتِي -أَو: عَوْرَاتِي- وَآمِنْ رَوْعَاتِي، اللَّهُمَّ احْفَظْنِي مِنْ بَيْنِ يَدَيَّ، وَمِنْ خَلْفِي، وَعَنْ يَمِينِي، وَعَنْ شِمَالِي، وَمِنْ فَوْقِي، وَأَعُوذُ بِعَظَمَتِكَ أَنْ أُغْتَالَ مِنْ تَحْتِي».

Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамеша ин дуоҳоро субҳу шом мехонд ва онҳоро тарк намекард: "Эй Аллоҳ! Аз Ту дар дунё ва охират офият хоҳонам. Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дину дунё ва хонадону молам, хоҳонам. Эй Аллоҳ! Шармгоҳамро бипӯшон ва тарсамро ба амният табдил деҳ. Эй Аллоҳ! Маро аз пеши рӯ ва пушти сар ва аз тарафи росту чапам, ва аз болои сарам ҳифз намо. Ва ба азамати Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам."

Саҳеҳ رواه أبو داود والنسائي وابن ماجه وأحمد Сунани Абудовуд - 5074

Шарҳ

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоҳоро ҳеҷ гоҳ тарк намекард ва дар субҳу шом онҳоро мехонд:
(Худоё, ман аз Ту офиятро металабам), яъне наҷот аз бемориҳо, балоҳо ва сахтиҳои дунёвӣ ва ҳамчунин наҷот аз шаҳватҳо ва фитнаҳои динӣ (дар дунё ва охират), ҳам дар ҳаёти зудгузар ва ҳам дар охирати абадӣ.
(Худоё, ман аз Ту бахшиш металабам), яъне афву гузашт ва пок кардани гуноҳҳо, (ва офият) аз ҳама навъи нуқсонҳо, (дар динам) аз ширк, бидъат ва маъсиятҳо, (дар дунёям), аз мусибатҳо, озор ва бадиҳо, (дар аҳлам) ҳамсарам, фарзандонам ва наздиконам, (ва дар молу амволам), инчунин дар кору амалҳоям.
(Худоё, айбҳо ва нуқсонҳои маро, ки дар ман ҳастанд, бипӯшон) ва гуноҳону айбҳоямро маҳв кун, (ва маро аз ҳар тарс, ваҳм ва ҳолатҳои ваҳшатангез амн гардон) тарсу ваҳшатамро аз байн бибар.
(Худоё, маро нигаҳ дор) аз офатҳою балоҳо эминам нигоҳ дор, (аз пеши рӯям, пуштам, тарафи ростам, тарафи чапам ва аз болоям), яъне дар ҳамаи самтҳо маро ҳифз кун, зеро офату бадӣ метавонад аз ҳар кадоми ин ҷонибҳо расанд.
(Паноҳ мебарам ба бузургии Ту, ки ногаҳон ба ҳалокат расонда нашавам), паноҳ мебарам аз ин ки ногаҳон гирифта шавам ва бехабар нобуд шавам, (аз зери поям), мисли фурӯ рафтан ба замин (хасф) ё ҳар гуна ҳалокати ногаҳонӣ аз зери пой.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Пойбанди ба ин дуоҳо бо пайравӣ аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
  2. Инсон чуноне, ки вазифадор аст аз Худо саломатӣ ва офият дар дин бихоҳад, ҳамчунин вазифадор аст, ки онро барои дунёяш низ бихоҳад.
  3. Тайибӣ гуфтааст: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамаи шаш самтро зикр кард (аз пешу пушт, росту чап, боло ва поён), зеро офатҳои эҳтимолӣ метавонанд аз ҳар кадоми ин самтҳо расанд. Ва дар зикри самти поён бештар муболиға кард, чун офате, ки аз он самт меояд, бисёр ваҳшатнок аст.
  4. Беҳтарин вақт барои хондани азкор, субҳ аст. Азкори субҳ: Аз тулуи фаҷр то тулуи офтоб, дар аввали рӯз. Азкори шом: Беҳтаринаш аз баъди аср то пеш аз ғуруби офтоб. Агар азкорҳои субҳро баъд аз баромадани офтоб, то пешин, ё баъд аз пешин бихонад, кифоят мекунад. Азкори шомро баъд аз ғуруби офтоб бихонад, кифоят мекунад. Зеро ин вақтҳои зикр аст.
  5. Далеле, ки зикр кардан барои вақтҳои муайяни шаб муқаррар шудааст, мисли хондани ду ояти охирини сураи Бақара мебошад, ки он баъд аз ғуруби офтоб шабона иҷро мешавад.

Намоиши тарҷумаҳо

51 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية