عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المُؤْمِنينَ رضي الله عنها أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَّمَهَا هَذَا الدُّعَاءَ:
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ الْخَيْرِ كُلِّهِ، عَاجِلِهِ وَآجِلِهِ، مَا عَلِمْتُ مِنْهُ وَمَا لَمْ أَعْلَمْ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ الشَّرِّ كُلِّهِ، عَاجِلِهِ وَآجِلِهِ، مَا عَلِمْتُ مِنْهُ وَمَا لَمْ أَعْلَمْ، اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ خَيْرِ مَا سَأَلَكَ عَبْدُكَ وَنَبِيُّكَ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا عَاذَ بِهِ عَبْدُكَ وَنَبِيُّكَ، اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْجَنَّةَ، وَمَا قَرَّبَ إِلَيْهَا مِنْ قَوْلٍ أَوْ عَمَلٍ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ النَّارِ، وَمَا قَرَّبَ إِلَيْهَا مِنْ قَوْلٍ أَوْ عَمَلٍ، وَأَسْأَلُكَ أَنْ تَجْعَلَ كُلَّ قَضَاءٍ قَضَيْتَهُ لِي خَيْرًا».

[صحيح] - [رواه ابن ماجه وأحمد] - [سنن ابن ماجه: 3846]
المزيــد ...

Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоро ба ӯ омухтанд:
"Эй Аллоҳ! Аз Ту тамоми хубиҳоро хоҳонам, хубиҳои зудҳангом ва ояндаро ва хубиҳоеро, ки медонам ва ё намедонам. Ва аз тамоми бадӣ ба Ту паноҳ мебарам, бадиҳои зудҳангом ва ояндаро ва бадиҳоеро, ки медонам ва намедонам. Эй Аллоҳ! Ман аз Ту хубиеро мехоҳам, ки бандаат ва Паёмбарат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро аз Ту хостааст, ва паноҳ мебарам бар Ту аз бадие, ки банда ва Паёмбарат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он ба Ту паноҳ бурдааст. Эй Аллоҳ! Аз Ту ҷаннат ва ҳар қавлу амалеро, ки ба он наздик месозад, хоҳонам ва ба Ту паноҳ мебарам аз оташи дӯзах ва он қавлу амалеро, ки ба он наздик месозад. Ва аз Ту мехоҳам, ҳар қазо ва қадаре, ки бар ман файсала намудаӣ, онро бароям хайр бигардонӣ."

[Саҳеҳ] - [رواه ابن ماجه وأحمد] - [Сунани ибни Моҷаҳ - 3846]

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуои ҷомеъро, ки иборат аз чаҳор дуо аст, ба Оиша (разияллоҳу анҳо) омӯзонданд:
Аввал: Дуои умумӣ барои ҳар хайр ва некӣ: (Эй Аллоҳ! Аз Ту тамоми хубиҳоро хоҳонам, хубиҳои зудҳангом ва ояндаро ва хубиҳоеро, ки медонам ва ё намедонам. Ва аз тамоми бадӣ ба Ту паноҳ мебарам, бадиҳои зудҳангом ва ояндаро ва бадиҳоеро, ки медонам ва намедонам) ва онҳо дар илми Ту, эй Пок ва Муназзаҳ, ҳастанд . Дар ин дуо супурдани ҳама кор ба Худованди Доно, Хабардор ва Латиф аст, пас Худованд беҳтарин ва муносибтарин чизро барои мусалмон интихоб мекунад. (Ба Ту паноҳ меорам), яъне аз Ту паноҳ металабам ва худро муҳофизат мекунам, (аз ҳар бадӣ, оҷил ва муаххари он, он чи ман медонам ва он чи намедонам).
Дуои дувум: ин дуо мусалмонро ҳифз мекунад, ки дар дуо аз ҳад нагузарад. Ӯ мегӯяд: (Эй Аллоҳ! Ман аз Ту хубиеро мехоҳам, ки бандаат ва Паёмбарат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро аз Ту хостааст ва паноҳ мебарам бар Ту аз бадие, ки банда ва Паёмбарат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он ба Ту паноҳ бурдааст). Ин дуо дархостест, ки Худованд ба дуокунанда бидиҳад он чиро, ки Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои худаш хоста буд, бидуни шумурдани анвоъи дуоҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Дуои сеюм: дархости ворид шудан ба ҷаннат ва дурӣ ҷустан аз дӯзах, ки ҳадафи ҳар мусалмон ва пояи тамоми амалҳояш аст: (Эй Аллоҳ! Аз Ту ҷаннат ва ҳар қавлу амалеро, ки ба он наздик месозад, хоҳонам ва ба Ту паноҳ мебарам аз оташи дӯзах ва он қавлу амале, ки ба он наздик месозад). Эй Худо, ман аз Ту ҷаннатро мепурсам ва ҳар сухан ё амалҳои некро, ки маро ба он наздик мекунад. Ва ба Ту паноҳ мебарам аз дӯзах, зеро аз бадтарин корҳо муҳофизат намешавад, магар бо меҳрубонии Ту. Ва паноҳ мебарам ба Ту аз ҳар қавлу амале, ки ба он наздик ва Туро хашмгин месозад.
Дуои чаҳорум: дархост барои розӣ будан ба қазо ва қадари илоҳӣ, (Ва аз Ту мехоҳам, ҳар қазо ва қадаре, ки бар ман файсала намудаӣ, онро бароям хайр бигардонӣ). Ин дуо ифодаи розигӣ ва қабул кардани қазо ва қадари илоҳӣ мебошад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Мард бояд ба аҳли хонаводааш он чизеро, ки барои дини онҳо ва зиндагии дунёиашон муфид аст, таълим диҳад, чунон ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Оишаро таълим доданд.
  2. Беҳтар аст, ки мусалмон дуоҳои воридшуда аз Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ҳифз кунад, зеро онҳо аз ҷумлаи дуоҳои ҷомеъ ва фарогир мебошанд.
  3. Олимон дар бораи ин ҳадис мегӯянд: Ин фарогиртарин ва комилтарин ҳадис дар хоҳиш кардани некӣ ва паноҳ бурдан аз бадӣ мебошад, яъне он аз ҷумлаи ҷавомеъул-калим (суханҳои кӯтоҳ ва пурмуҳтаво) аст, ки ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дода шудааст.
  4. Аз сабабҳои ворид шудан ба ҷаннат баъд аз раҳмати Худованд, амалҳо ва гуфторҳои некӯ мебошанд.
Намоиши тарҷумаҳо