+ -

عن عبد الله بن عمرو رضي الله عنهما قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«يقالُ لصاحبِ القرآن: اقرَأ وارتَقِ، ورتِّل كما كُنْتَ ترتِّل في الدُنيا، فإن منزِلَكَ عندَ آخرِ آية تقرؤها».

[حسن] - [رواه أبو داود والترمذي والنسائي في الكبرى وأحمد] - [سنن أبي داود: 1464]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ"

[حسن] - [رواه أبو داود والترمذي والنسائي في الكبرى وأحمد] - [Сунани Абудовуд - 1464]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ба ҳофизи Қуръон, касе, ки дар дунё онро ҳифз карда буд ва ҳамеша онро тиловат ва ба он амал мекард, чун дохили биҳишт шавад ба ӯ гуфта мешавад: Қуръонро бихон ва ба дараҷаҳои баланди биҳишт бирас, онро бо тартиб ва бодиққату оромиш бихон, ҳамон гуна, ки дар дунё тиловат мефармудӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту дар биҳишт бар асоси охирин оятест, ки мехонӣ.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ اليونانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Подош дар охират бастагӣ ба андоза ва чигунагии амал дорад.
  2. Ташвиқ ба тиловат, ҳифз, бо тартил хондан, тадаббур ва амал кардан ба Қуръон.
  3. Биҳишт дорои манзилат ва дараҷаҳост, ки барои ҳофизони Қуръон баландтарин дараҷаи он аст.