+ -

عَنْ أَنَسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، قَالَ: لَأُحَدِّثَنَّكُمْ حَدِيثًا سَمِعْتُهُ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لاَ يُحَدِّثُكُمْ بِهِ أَحَدٌ غَيْرِي: سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«إِنَّ مِنْ أَشْرَاطِ السَّاعَةِ أَنْ يُرْفَعَ العِلْمُ، وَيَكْثُرَ الجَهْلُ، وَيَكْثُرَ الزِّنَا، وَيَكْثُرَ شُرْبُ الخَمْرِ، وَيَقِلَّ الرِّجَالُ، وَيَكْثُرَ النِّسَاءُ حَتَّى يَكُونَ لِخَمْسِينَ امْرَأَةً القَيِّمُ الوَاحِدُ».

[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 5231]
المزيــد ...

Аз Анас (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: барои шумо ҳадисеро, ки аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам мегӯям, ки ғайр аз ман касе онро ба шумо нахоҳад гуфт: аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт:
"Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад".

[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 5231]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудааст, ки аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат аз байн рафтани илми шариъат аст, ки бо сабаби марги уламо ба миён меояд. (Зеро бо сабаби марги уламо илми шариат аз байн рафта ҷои онро ҷаҳлу нодонӣ фаро мегирад), ки дар натиҷаи он, ҷаҳлу нодонӣ бештар мегардад, зино ва фоҳишагӣ бештар ривоҷ ёфта шаробнӯшӣ ба авҷи худ мерасад. Шумори мардон кам ва аз занон зиёд мешавад, то онҷо, ки барои ҳар панҷоҳ зан як мард хоҳад буд, ки ба кор ва умури онҳо расидагӣ мекунад.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада Озарӣ Узбекӣ Украинӣ
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни баъзе аз нишонаҳои қиёмат.
  2. Замони вуқӯъи қиёмат аз илмҳои ғайбӣ аст, ки Худованд онро ба худ ихтисос додааст.
  3. Улуми шариат қабл аз онки аз байн биравад, бояд ба таври ҳатмӣ фаро гирифта шавад.
Бештар