عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ رضي الله عنهما قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:
«إِنَّ الْإِيمَانَ لَيَخْلَقُ فِي جَوْفِ أَحَدِكُمْ كَمَا يَخْلَقُ الثَّوْبُ الْخَلِقُ، فَاسْأَلُوا اللَّهَ أَنْ يُجَدِّدَ الْإِيمَانَ فِي قُلُوبِكُمْ».

[صحيح] - [رواه الحاكم والطبراني] - [المستدرك على الصحيحين: 5]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад".

[صحيح] - [رواه الحاكم والطبراني] - [Мустадрак ало саҳеҳайн - 5]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки имон дар дили мусалмон фарсуда ва заъиф мешавад, ҳамонгуна ки либоси нав бар асари истифодаи тулонӣ куҳна ва фарсуда мешавад. Заъиф ва фарсуда шудани имон аз сабаби сустӣ дар адои ибодатҳо ва фурӯ рафтан дар гуноҳон ва шаҳватҳо ба миён меояд. Бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо дастур ва иршод додаанд то бо адои фароиз ва бештар зикру истиғфор кардан аз Худованд бихоҳем имони моро таҷдид бифармояд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Талаб кардан аз Худованд барои пойдорӣ дар имон ва таҷдиди он дар қалбҳо, бояд ташвиқ карда шавад.
  2. Имон қавл, амал ва эътиқод аст, ки бо тоъат кардан зиёд ва бо гуноҳ кардан кам мешавад.
Намоиши тарҷумаҳо
Забон: Англисӣ Урду Испонӣ Бештар (65)
Бештар