Дастабандӣ: Ақида . Номҳо ва аҳком . Нифоқ .
+ -

عَنِ ابْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ:
«مَثَلُ الْمُنَافِقِ، كَمَثَلِ الشَّاةِ الْعَائِرَةِ بَيْنَ الْغَنَمَيْنِ تَعِيرُ إِلَى هَذِهِ مَرَّةً وَإِلَى هَذِهِ مَرَّةً».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 2784]
المزيــد ...

Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки гуфт:
"Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад"

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 2784]

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳоли шахси мунофиқро чунин баён намудааст, ки ӯ мисли як гӯсфанди саргардон аст, ки намедонад ба сӯи кадом яке аз рамаҳо биравад. Гоҳ ба тарафи ин рама меравад гоҳ ба тарафи рамаи дигар. Мунофиқон дар миёни куфр ва имон ҳайрон ва саргардонанд, на дар зоҳир ва ботин бо мӯъминонанд ва на бо кофирон, дар зоҳир бо мӯъминонанд ва дар ботин дар шакку тардид, гоҳ майл ба сӯи инҳо мекунанд ва гоҳҳо ба сӯи онҳо.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Фулонӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ اليونانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Яке аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) овардани зарбулмасалҳо барои бештар баён кардани маонӣ аст.
  2. Шарҳи ҳоли мунофиқон дар мавриди дудилагӣ ва бесуботии онҳо.
  3. Ҳушдор аз ҳоли мунофиқон ва ташвиқ бар ростӣ ва устуворӣ дар имон, чи дар зоҳир бошад ва чи дар ботин.
Дастабандишудаҳо