+ -

عن أبي مسعود الأنصاري رضي الله عنه قال:
جَاءَ رَجُلٌ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ: إِنِّي أُبْدِعَ بِي فَاحْمِلْنِي، فَقَالَ: «مَا عِنْدِي»، فَقَالَ رَجُلٌ: يَا رَسُولَ اللهِ، أَنَا أَدُلُّهُ عَلَى مَنْ يَحْمِلُهُ، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «مَنْ دَلَّ عَلَى خَيْرٍ فَلَهُ مِثْلُ أَجْرِ فَاعِلِهِ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 1893]
المزيــد ...

Аз Абумасъуди Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: ман маркабамро аз даст додаам, ба ман маркабе бидеҳ! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Надорам", марде гуфт: эй Расули Аллоҳ ман ӯро назди касе мебарам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт"

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 1893]

Шарҳ

Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: маркаби ман ҳалок шудааст, ба ман маркабе бидеҳ то маро бибарад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ӯ узр хост ва гуфт маркабе надорад ба ӯ бидиҳад. Марде онҷо ҳозир буд, гуфт: эй Расули Аллоҳ! Ман ӯро ба назди касе роҳнамоӣ мекунам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки ӯ низ дар аҷри садақадиҳанда шарик аст, зеро ниёзмандеро ба назди ӯ роҳнамоӣ кардааст.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ташвиқ барои далолат кардан ба хайр.
  2. Ташвиқ ва тарғиб ба амали хайр яке аз сабабҳои ҳамбастагӣ ва такомули ҷомеаи мусалмон аст.
  3. Вусъати фазл ва лутфи Худованд.
  4. Ин ҳадис як қоидаи умумӣ аст, ки фарогири тамоми аъмоли хайр аст..
  5. Агар шахсе тавони бароварда сохтани ниёзи ниёзмандеро надорад пас ӯро ба каси дигар роҳнамоӣ кунад, (ки тавони баровардани ниёзи ӯро дорад)