1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд

عَنْ عَائِشَةَ أُمِّ المؤمنين رضي الله عنها:
أَنَّ أُمَّ سَلَمَةَ ذَكَرَتْ لِرَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَنِيسَةً رَأَتْهَا بِأَرْضِ الْحَبَشَةِ، يُقَالُ لَهَا مَارِيَةُ، فَذَكَرَتْ لَهُ مَا رَأَتْ فِيهَا مِنَ الصُّوَرِ، فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أُولَئِكَ قَوْمٌ إِذَا مَاتَ فِيهِمُ الْعَبْدُ الصَّالِحُ، أَوِ الرَّجُلُ الصَّالِحُ، بَنَوْا عَلَى قَبْرِهِ مَسْجِدًا، وَصَوَّرُوا فِيهِ تِلْكَ الصُّوَرَ، أُولَئِكَ شِرَارُ الْخَلْقِ عِنْدَ اللهِ».

Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст:
Умми Салама барои Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёдовар шуд, ки дар сарзамини Ҳабаша калисое ба номи Морияро дидааст. Ва барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасвирҳое, ки дар он дида буд, ёдовар шуд. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:"Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд ва дар он суратҳо мекашанд, Онон бадтарин махлуқот дар назди Аллоҳ ҳастанд."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 434

Шарҳ

Модари муъминон Умми Салама (разияллоҳу анҳо) барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёдовар шуд, ки чун дар сарзамини Ҳабаша буд, калисоеро дид, ки Мория ном дошт ва дар он тасвирҳо ва нақшу нигорҳо ва ҳайкалҳое буд ва инро аз рӯйи шигифтӣ ва таъаҷҷуб бозгӯ кард! Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сабабҳои гузоштани ин суратҳоро баён карданд. Ва фармуданд: Онҳое, ки дар бораашон гуфтӣ, чунин буданд, ки агар шахси солеҳе дар миёнашон вафот мекард бар қабри ӯ масҷид (ибодатгоҳе) месохтанд ва дар он намоз мехонданд ва он суратҳоро тасвир мекарданд. Ва баён намуданд, ки анҷом диҳандаи чунин кор, бадтарин махлуқ назди Аллоҳ Таъоло аст. Чунки амали ӯ ба ширк ба Аллоҳ Таъоло бурда мерасонад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Бино кардани масҷидҳо бар болои қабрҳо ё намоз хондан дар назди онҳо, ё дафни мурдагон дар масҷидҳо, аз бими воқеъ шудан дар ширк ҳаром аст.
  2. Дар болои қабрҳо масҷидҳо сохтан ва дар он суратҳо гузоштан кори яҳудиён ва насрониён аст ва ҳар ки ин корро кунад, худро ба онҳо монанд сохтааст.
  3. Тасвири мавҷудоти зинда ҳаром аст.
  4. Ҳар ки бар болои қабр масҷиде бино кунад ва дар он суратҳо гузорад, ӯ аз бадтарин махлуқоти Аллоҳ Таъоло аст.
  5. Қонуни шариат роҳи ба сӯи тавҳидро комилан ҳифз кардааст, бо бастани ҳама василаҳое, ки метавонад ба ширк оварда расонад.
  6. Наҳй аз зиёдаравӣ дар ҳаққи солеҳон, зеро он сабаби воқеъ шудан дар ширк аст.

Намоиши тарҷумаҳо

60 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية