1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро

عن أبي مالكٍ الأشعريِّ رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«الطُّهُورُ شَطْرُ الْإِيمَانِ، وَالْحَمْدُ لِلهِ تَمْلَأُ الْمِيزَانَ، وَسُبْحَانَ اللهِ وَالْحَمْدُ لِلهِ تَمْلَآنِ -أَوْ تَمْلَأُ- مَا بَيْنَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ، وَالصَّلَاةُ نُورٌ، وَالصَّدَقَةُ بُرْهَانٌ، وَالصَّبْرُ ضِيَاءٌ، وَالْقُرْآنُ حُجَّةٌ لَكَ أَوْ عَلَيْكَ، كُلُّ النَّاسِ يَغْدُو، فَبَايِعٌ نَفْسَهُ فَمُعْتِقُهَا أَوْ مُوبِقُهَا».

Аз Абумолики Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро пур мекунанд. Намоз нур аст, садақа бурҳон аст, сабр равшанӣ аст ва Қуръон далел (ҳуҷҷат)-е аст барои ту ё бар алайҳи ту. Ҳамаи мардум субҳ (аз хона) берун мешаванд, дар ҳоле ки нафси худро фурӯхтаанд, пас он (яъне нафси худ)-ро ё озод кардаанд ва ё ҳалок сохтаанд".

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 223

Шарҳ

Паёмбар (Дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки таҳорат ва покии зоҳирӣ бо обдаст ва ғусл ба даст меояд, ки он худ яке аз шартҳои намоз аст. Инки Паёмбари Худо гуфтанд: "Алҳамду лиллоҳ тарозуро пур мекунад" сано гуфтан ба Парвардигор ва тавсифи Ӯ Таъоло ба сифатҳои камол аст, ки чун рӯзи қиёмат ба тарозу гузошта мешавад тарозуи аъмолро пур мекунад. Ва гуфтани "Субҳоналлоҳ ва Алҳамду лиллоҳ" ба маънои пок ва муназзаҳ донистани Худованд аз ҳамагуна нуқсон аст, ва васфи Ӯ Таъоло ба тамоми сифатҳои комил, ки танҳо сазовори бузургӣ ва ҷалоли Ӯст ва бо доштани муҳаббат ва бузургдошти Худованд, миёни осмон ва заминро пур мекунад. "Намоз нур аст" намоз барои банда нуре аст дар дил, дар чеҳра, дар қабр ва дар рӯзи қиёмат. "Садақа бурҳон аст", садақа далиле аст бар сидқи имони муъмин ва тафовути ӯ аз мунофиқ, ки аз садақа додан худро бозмедорад, зеро ба савоби он бовар надорад. Ва "Сабр равшанӣ аст" - яъне худдорӣ аз тарс ва норизоятӣ- он нурест, ки бо худ гармӣ ва сӯзиш дорад, ҳамоно монанди нури офтоб, зеро он душвор аст ва ниёз ба худдорӣ аз хоҳишотро дорад. Аз инҷост, ки соҳибсабр ҳамеша дар равшанӣ ва дар роҳи дуруст аст. Сабр худ, собир будан дар тоъати Худованд ва дур будан аз маъсияти Ӯ Таъоло ва сабр дар мушкилот ва мусибатҳои дунявӣ аст. "Қуръон ҳуҷҷат барои (ба фоидаи) ту аст", яъне бо тиловат кардану амал кардан ба он. Ва "Ҳуҷҷат аст бар алайҳи ту" яъне тарк кардани тиловат ва амал накардан ба он. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки мардум ҳама аз хоб бедор шуда ба мақсади анҷоми корҳои худ аз хона берун мешаванд. Сипас бархе роҳи ростро интихоб намуда худро аз оташи дӯзах наҷот медиҳанд ва бархеи дигар аз роҳи рост мунҳариф гашта бо анҷоми гуноҳон худро сазовори дӯзах мегардонанд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Таҳорат (покӣ) ду навъ аст: таҳорати зоҳирӣ, ки бо обдаст ва ғусл ба амал меояд ва таҳорати ботинӣ (дарунӣ), ки бо тавҳид, имон ва амали нек ба даст меояд.
  2. Аҳамияти пойбанд будан дар намозҳо, ки он дар дунё ва охират нуре барои банда хоҳад буд.
  3. Садақа нишонаи сидқи омин аст.
  4. Аҳамияти амал кардан ба Қуръон, то ҳуҷҷате барои ту бошад на бар алайҳи ту.
  5. Агар нафси худро ба тоъат машғул насозӣ, туро ба гуноҳ ва маъсият машғул хоҳад сохт.
  6. Ҳар як инсон бояд амал кунад, ё худро бо тоат ва ибодат кардан озод мекунад ё бо маъсияти кардан гирифтори азоб.
  7. Сабр таҳаммул ва истиқоматро тақозо мекунад, ки албатта сахтиҳо дарбар дорад.

Намоиши тарҷумаҳо

68 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
EL Ελληνικά اليونانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
LN Lingala اللينجالا
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو