1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Даъват ва ҳисба

Ҳадис Ҳокимон ва амироне хоҳанд буд, пас шумо (баъзе аз корҳои ононро ба некӣ) мешиносед ва (баъзеро) инкор мекунед. Ва ҳар ки (амалҳои бади онҳоро ба дил) инкор кунад, (аз гуноҳ) солим мемонад ва лекин ҳар ки (ба амалҳои бади онҳо) розӣ шуд ва пайравӣ кард

عَنْ أُمِّ سَلَمَةَ أُمِّ المُؤمنين رضي الله عنها: أَنَّ رَسُولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم قَالَ:
«سَتَكُونُ أُمَرَاءُ فَتَعْرِفُونَ وَتُنْكِرُونَ، فَمَنْ عَرَفَ بَرِئَ، وَمَنْ أَنْكَرَ سَلِمَ، وَلَكِنْ مَنْ رَضِيَ وَتَابَعَ» قَالُوا: أَفَلَا نُقَاتِلُهُمْ؟ قَالَ: «لَا، مَا صَلَّوْا».

Аз Умми Салама модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
"Ҳокимон ва амироне хоҳанд буд, пас шумо (баъзе аз корҳои ононро ба некӣ) мешиносед ва (баъзеро) инкор мекунед. Ва ҳар ки (амалҳои бади онҳоро ба дил) инкор кунад, (аз гуноҳ) солим мемонад ва лекин ҳар ки (ба амалҳои бади онҳо) розӣ шуд ва пайравӣ кард, (гунаҳгор аст)". Гуфтанд: Оё бо онҳо ҷанг накунем? Фармуд:" На, то вақте ки намоз мегузоранд."

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 1854

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки амироне бар мо ҳоким хоҳанд шуд, ки баъзе аз амалҳои онон мувофиқи шариат аст, хуб медонем ва баъзе дигарро, ки мухолифи шариат аст, мункар мебинем. Пас ҳар кас, ки он кори бадро бо дилаш бад дид ва қодир ба инкораш набуд, аз гуноҳ ва нифоқ пок мондааст. Ва ҳар ки қодир бошад, ки бо даст ё забони худ инкор кунад ва ба онҳо инкор кунад, аз гуноҳ ва мушорикат дар он солим мондааст. Аммо касе, ки аз кори онон розӣ бошад ва дар он кор аз онон пайравӣ кунад, ҳаммонанди онон ҳалок хоҳад шуд.
Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсиданд, ки оё бо ин ҳокимон, ки чунин ҳастанд ҷанг накунем? Ӯ ононро аз ин кор манъ кард ва фармуд: На, то вақте ки намозро дар миёни шумо баргузор мекунанд (наҷангед).

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Яке аз нишонаҳои нубуввати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додани ӯ аз корҳои ғайбӣ аст, ки ба вуқуъ мепайвандад. Ва ончунон ки он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфта буд, ба вуқуъ мепайвандад.
  2. Ба кори бад розӣ шудан ё дар он ширкат кардан ҷоиз нест ва инкор кардани он воҷиб аст (агарчи бо дил ҳам бошад).
  3. Агар ҳокимон кореро анҷом доданд, ки мухолифи шариат бошад, итоат аз онон дар он кор ҷоиз нест.
  4. Бар зидди ҳокимони мусулмон исён кардан ҷоиз нест, ба далели фасоду хунрезӣ ва аз даст додани амният, ки дар пайи он мешавад. Пас сабр кардан ба рафтори мункари ҳокимони нофармон ва сабр кардан дар баробари зиёни онон осонтар аст.
  5. Намоз аҳамияти бузург дорад, зеро он ҷудокунанда байни куфр ва ислом аст.

Намоиши тарҷумаҳо

58 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية