1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ

عَنْ ‌أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ:
أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ افْتَقَدَ ثَابِتَ بْنَ قَيْسٍ، فَقَالَ رَجُلٌ: يَا رَسُولَ اللهِ، أَنَا أَعْلَمُ لَكَ عِلْمَهُ، فَأَتَاهُ فَوَجَدَهُ جَالِسًا فِي بَيْتِهِ، مُنَكِّسًا رَأْسَهُ، فَقَالَ: مَا شَأْنُكَ؟ فَقَالَ شَرٌّ، كَانَ يَرْفَعُ صَوْتَهُ فَوْقَ صَوْتِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَدْ حَبِطَ عَمَلُهُ، وَهُوَ مِنْ أَهْلِ النَّارِ، فَأَتَى الرَّجُلُ فَأَخْبَرَهُ أَنَّهُ قَالَ كَذَا وَكَذَا، فَرَجَعَ الْمَرَّةَ الْآخِرَةَ بِبِشَارَةٍ عَظِيمَةٍ، فَقَالَ: «اذْهَبْ إِلَيْهِ فَقُلْ لَهُ: إِنَّكَ لَسْتَ مِنْ أَهْلِ النَّارِ، وَلَكِنْ مِنْ أَهْلِ الْجَنَّةِ».

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки мегӯяд:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро ҷустуҷӯ кард, наёфт, марде гуфт: Ман аз ӯ бароят хабар меоварам. Пас назди ӯ рафт, дид, ки дар хонааш сарашро зер андохта нишаста аст. Аз ӯ пурсид: Туро чӣ шудааст? Гуфт: Шар (бадӣ расидааст). Ӯ садояшро бар садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боло мебурд, дар натиҷа амалаш аз байн рафтааст ва аз аҳли дӯзах аст. Пас, он мард баргашт ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт, ки ӯ чунин ва чунон гуфтааст. Пас бори дуввум бо башорати бузурге ба назди ӯ бозгашт. Зеро (Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Бухорӣ - 3613

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро наёфт ва дар борааш пурсид. Марде гуфт: Ман хабарашро ва сабаби ғоиб буданашро барои шумо меорам. Пас ба хонааш рафт ва дид, ки сарашро поин андохта ва ғамгин нишастааст. Аз ӯ пурсид, ки туро чӣ шудааст? Собит ҳам шарре, ки гирифтораш шуда будро ба ӯ гуфт, зеро ӯ садояшро аз садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) болотар мебурд ва Аллоҳ Таъоло касеро, ки чунин кунад, таҳдид кардааст, ки амалашро ботил мекунад ва ӯ аз аҳли дӯзах аст.
Он мард ба сӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргашт ва инро барояш гуфт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки ба назди Собит баргардад ва ӯро башорат диҳад, ки аз аҳли дӯзах нест, балки аз аҳли биҳишт аст. Зеро ӯ чунин офарида шудааст, ки овози баланд дорад ва ӯ хатиби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ансор буд.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Баёни фазилати Собит ибни Қайс (разияллоҳу анҳу) ва ин ки ӯ аз аҳли биҳишт аст.
  2. Ғамхории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба саҳобагон ва пурсидан аз аҳволашон.
  3. Тарси саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ва бими онон аз ин ки амалҳояшон нобуд шавад.
  4. Дар гуфтор бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоли зиндагияш бо одоб будан ва поин овардани овозҳо дар ҳоли шунидани суннаташ баъд аз вафоташ, воҷиб аст.

Намоиши тарҷумаҳо

62 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية