Саҳоба

7Рӯйхати ҳадисҳо 2Дастабандиҳои ҷузъӣ

Рӯйхати ҳадисҳо 7

Шуморо ба тақвои Аллоҳ Таъоло ва гӯш кардан ва итоат кардан (-и фармонраво) васият мекунам, ҳарчанд бардае бар шумо ҳукмрон шавад. Ҳар ки баъд аз ман зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз суннати ман ва суннати халифаҳои роҳнамо ва ҳидоятёфтаи ман пайравӣ кунед
Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ гардонида буд
Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш супурдан ва итоат кардан амр мекунам, ҳатто агар (амиратон) бардаи ҳабашӣ бошад. Баъд аз ман ихтилофи шадиде хоҳед дид, пас ба суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфта чанг бизанед
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ансор фармуданд: "Ҳеҷ кас онҳоро дӯст намедорад, магар муъмин. Ва ҳеҷ кас, аз онҳо нафрат надорад, магар мунофиқ. Ҳар ки онҳоро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад. Ва ҳар ки аз онҳо нафрат дорад, Аллоҳ аз ӯ нафрат дорад
Имрӯз ин парчамро ба дасти марде хоҳам дод, ки Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худованд ба дастҳои ӯ кушоиш меоварад
Саҳобагони манро дашном надиҳед, зеро агар яке аз шумо мисли кӯҳи Уҳуд тилло нафақа кунад, ба миқдори як кафи дасти яке аз онҳо ва ҳатто нисфи он намерасад
Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ