1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Ақида

Ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ансор фармуданд: "Ҳеҷ кас онҳоро дӯст намедорад, магар муъмин. Ва ҳеҷ кас, аз онҳо нафрат надорад, магар мунофиқ. Ҳар ки онҳоро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад. Ва ҳар ки аз онҳо нафрат дорад, Аллоҳ аз ӯ нафрат дорад

عَنِ الْبَرَاءِ رضي الله عنه:
عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُ قَالَ فِي الْأَنْصَارِ: «لَا يُحِبُّهُمْ إِلَّا مُؤْمِنٌ، وَلَا يُبْغِضُهُمْ إِلَّا مُنَافِقٌ، مَنْ أَحَبَّهُمْ أَحَبَّهُ اللهُ وَمَنْ أَبْغَضَهُمْ أَبْغَضَهُ اللهُ».

Аз Бароъ (разияллоҳу аҳну) ривоят аст:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ансор фармуданд: "Ҳеҷ кас онҳоро дӯст намедорад, магар муъмин. Ва ҳеҷ кас, аз онҳо нафрат надорад, магар мунофиқ. Ҳар ки онҳоро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад. Ва ҳар ки аз онҳо нафрат дорад, Аллоҳ аз ӯ нафрат дорад."

Саҳеҳ متفق عليه Саҳеҳ Муслим - 75

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки муҳаббати ансор аз аҳли Мадина нишонаи комил будани имон аст. Ин ба делели он аст, ки ансор дар пуштибони аз Ислом ва ёрии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва талош барои паноҳ додани мусалмонон ва додани молу ҷонашон дар роҳи Аллоҳ собиқадор буданд. Ва буғзу бадбинӣ аз онҳо нишонаи нифоқ аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар ки ансорро дӯст дорад, Аллоҳ ӯро дӯст медорад ва ҳар ки онҳоро бад бинад Аллоҳ ӯро бад мебинад.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Ин ҳадис шомили фазилати бузурге барои ансор аст. Зеро муҳаббати онон нишонаи имон ва бароати онон нишонаи нифоқ аст.
  2. Дӯст доштани авлиёи Аллоҳ ва ёрӣ додани онон, сабаби муҳаббати Аллоҳ ба банда аст.
  3. Фазилати собиқони (пешгомон) аввалин дар Ислом.

Намоиши тарҷумаҳо

59 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
KMR Kurmancî الكرمنجية