عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ يَوْمَ خَيْبَرَ:
«لَأُعْطِيَنَّ هَذِهِ الرَّايَةَ رَجُلًا يُحِبُّ اللهَ وَرَسُولَهُ، يَفْتَحُ اللهُ عَلَى يَدَيْهِ» قَالَ عُمَرُ بْنُ الْخَطَّابِ: مَا أَحْبَبْتُ الْإِمَارَةَ إِلَّا يَوْمَئِذٍ، قَالَ فَتَسَاوَرْتُ لَهَا رَجَاءَ أَنْ أُدْعَى لَهَا، قَالَ فَدَعَا رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلِيَّ بْنَ أَبِي طَالِبٍ، فَأَعْطَاهُ إِيَّاهَا، وَقَالَ: «امْشِ، وَلَا تَلْتَفِتْ، حَتَّى يَفْتَحَ اللهُ عَلَيْكَ» قَالَ فَسَارَ عَلِيٌّ شَيْئًا ثُمَّ وَقَفَ وَلَمْ يَلْتَفِتْ، فَصَرَخَ: يَا رَسُولَ اللهِ، عَلَى مَاذَا أُقَاتِلُ النَّاسَ؟ قَالَ: «قَاتِلْهُمْ حَتَّى يَشْهَدُوا أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ، فَإِذَا فَعَلُوا ذَلِكَ فَقَدْ مَنَعُوا مِنْكَ دِمَاءَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ، إِلَّا بِحَقِّهَا وَحِسَابُهُمْ عَلَى اللهِ».
المزيد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Хайбар фармуданд:
"Имрӯз ин парчамро ба дасти марде хоҳам дод, ки Худо ва Расулашро дӯст медорад ва Худованд ба дастҳои ӯ кушоиш меоварад". Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ман аморатро ҷуз дар ҳамон рӯз дӯст надоштам ва барои расидан ба он болои баландӣ баромадам, то шояд барои он хонда шавам. Гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу)-ро хоста, парчамро барояш доду фармуданд: "Бирав ва ба ҷое илтифот макун, то Худованд туро фатҳу зафар насиб намояд." Гуфт: Алӣ (разияллоҳу анҳу) қадре рафту сипас истод ва бидуни ин ки илтифот намояд, фарёд зад: Ё Расулуллоҳ! Бар чи чиз бо мардум биҷангам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Бо эшон биҷанг, то шаҳодат диҳанд: Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадур-расулуллоҳ. Яъне, маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристодаи Худо аст. Ҳар гоҳ инро гуфтанд, дар ҳақиқат хунҳо ва молҳои хешро аз ту боздоштанд, магар ба ҳаққи он ва ҳисобашон бо Худост."