عن تميم الداري رضي الله عنه أن النبي صلى الله عليه وسلم قال:
«الدِّينُ النَّصِيحَةُ» قُلْنَا: لِمَنْ؟ قَالَ: «لِلهِ وَلِكِتَابِهِ وَلِرَسُولِهِ وَلِأَئِمَّةِ الْمُسْلِمِينَ وَعَامَّتِهِمْ».

Аз Тамими Дорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳат) барои кист? Гуфт: "(Насиҳат) барои Худо, барои китоби Аллоҳ (Қуръон), барои паёмбараш ва барои пешвоёни мусалмонон ва барои умуми онҳо".

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 55

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд ки дин бар асоси ихлос ва садоқат пойдор аст, пас бояд ҳамон гуна, ки Худованд дастур додааст, ба таври комил ва бе кутоҳӣ анҷом дода шавад .
Аз паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Насиҳат барои чи касоне аст? Фармуданд:
Якум: Насиҳат барои Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло, бо шарти инки амал холисона барои Ӯ Таъоло бошад, касеро дар баробари Ӯ Таъоло шарик қарор надодан, имон овардан ба рубубият, улуҳият, номҳо ва сифатҳои Ӯ Таъоло, бузург доштани дастуроти Ӯ ва даъват ба сӯи имон овардан ба Ӯ Таъоло.
Дуввум: Насиҳат барои китоби Аллоҳ, ки ҳамоно ҳамон Қуръони карим аст. Бовар доштан бар инки Қуръон сухани Аллоҳ ва охирин китобе аст, ки аз ҷониби Аллоҳ нозил шудааст ва инки Қуръони Карим тамоми шариъатҳои қаблиро мансух намудааст. Қуръони Каримро гиромӣ дорем, ҳамон гуна, ки бояд тиловат карда шавад тиловат кунем, бо муҳкамоти он амал кунем ва дар мавриди муташобеҳоти он худро таслим ва аз таъвили аҳли таҳриф дур бошем, аз мавъиза ва пандҳои он панд бипазирем, дар нашр ва даъват ба сӯи он ҳамеша дар талош бошем.
Сеюм: Насиҳат барои Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод). Муътақид бар он бошем, ки ӯ вопасин Паёмбар аст, ончи ӯ мегӯяд тасдиқ намуда ба он амал намоем, аз ончи наҳй фармудааст дурӣ намоем, Худовандро танҳо он гуна, ки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст ибодат кунем, Ӯ Таъолоро бузург ва худро бандаи ночизи Ӯ бидонем, даъват ва шариати илоҳиро мунташир намуда иттиҳомот алайҳи Ӯ Таъолоро инкор намоем.
Чаҳорум: Насиҳат барои ҳокимони мусалмон, яъне ёрӣ додани онҳо дар роҳи ҳақ, адами мухолифат бо онон ва итоат кардан аз онҳо дар роҳи итоат аз Аллоҳ.
Панҷум: Насиҳат барои мусалмонон, яъне некӣ кардан ба онҳо, даст бардоштан аз озор ва азият ба онҳо, хайр ва некӣ хостан барои онҳо ва ҳамкорӣ бо онон дар некӣ ва тақво.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Насиҳат дар дин бояд фарогир ва ҳамагонӣ бошад.
  2. Фазилат ва ҷойгоҳи баланди насиҳат дар дин.
  3. Дин эътиқодот ва гуфтору кирдорро дар бар мегирад.
  4. Насиҳат бояд аз самими қалб ва ба дур аз фиреб ва ба қасди иродаи хайр ба шахсе, ки ба ӯ насиҳат мешавад, берун ояд.
  5. Нахуст ба таври умум ва сипас баёни он ба таври муфассал аз равиши неки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар таълим аст.
  6. Яке дигар аз равиши Паёмбари Худо дар таълим оғоз кардан аз амри муҳимтарин ва сипас амри муҳимтар аст, чунончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нахуст аз "насиҳат барои Аллоҳ" оғоз намуда сипас "насиҳат бар китоби Ӯ Таъоло" ва ҳамин гуна "насиҳат барои фиристодаи Ӯ Таъоло"-ро қарор доданд, ва пас аз он "бар ҳокимони мусалмон" ва "бар ҳамаи мусалмонон"-ро фармуданд.

Намоиши тарҷумаҳо

69 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
UG ئۇيغۇرچە الأيغورية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
MY မြန်မာ البورمية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
SO Soomaali الصومالية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
FF Fulfulde الفولانية
IT Italiano الإيطالية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
BG Български البلغارية
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
EL Ελληνικά اليونانية
AK Akan الأكانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
LN Lingala اللينجالا
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو