1. Асосӣ
  2. Дастабандиҳо
  3. Фазоил ва одоб

Ҳадис Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд

عَنِ النَّوَّاسِ بْنِ سِمْعَانَ الْأَنْصَارِيِّ رضي الله عنه قَالَ:
سَأَلْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنِ الْبِرِّ وَالْإِثْمِ، فَقَالَ: «الْبِرُّ حُسْنُ الْخُلُقِ، وَالْإِثْمُ مَا حَاكَ فِي صَدْرِكَ، وَكَرِهْتَ أَنْ يَطَّلِعَ عَلَيْهِ النَّاسُ».

Аз Нувос ибни Симъони Ансорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи некӣ ва гуноҳ пурсидам, фармуданд: "Некӣ, ахлоқи нек аст, ва гуноҳ он чизест, ки дар дилат нооромӣ эҷод кунад ва нахоҳӣ ки мардум аз он огоҳ шаванд".

Саҳеҳ رواه مسلم Саҳеҳ Муслим - 2553

Шарҳ

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи некӣ ва гуноҳ пурсида шуд, фармуданд:
Бузургтарин хусусиятҳои некӣ ахлоқи нек ва бо тақво ба Аллоҳ Таъоло аст. Ва бо мардум, бо таҳаммули озор, камхашмӣ, чеҳраи кушода, сухани нек, силаи раҳм, итоат, хубӣ кардан, меҳрубонӣ, некӯкорӣ, ҳамзистии хуб ва дӯстии шоиста аст.
Аммо гуноҳ чизе аст, ки дар дил шубҳа ва нооромӣ эҷод мекунад. Ва он аз корҳое аст, ки инсон худ дар дилаш ба он шак дорад ва дилаш нисбат ба он осуда нест ва метарсад, ки гуноҳ бошад. Ва намехоҳад, ки он дар назди касе ошкор шавад, зеро дар назари мардумони бо обрӯ зишт менамояд. Зеро нафси инсон зотан дӯст медорад, ки мардум аз корҳои неки ӯ огоҳ шаванд. Пас, агар касе нахоҳад дигарон аз коре, ки анҷом додааст, бохабар шаванд, маълум мешавад, ки он кор гуноҳ аст ва хайре дар он нест.

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тарғиб ба ахлоқи неку, зеро хулқи нек яке аз бузургтарин сифатҳои некукорӣ аст.
  2. Ҳақ ва ботил бар муъмин пӯшида намемонад, балки ӯ ҳақро бо нуре, ки дар қалбаш ҳаст, мешиносад ва аз ботил безор шуда, онро инкор мекунад.
  3. Аз нишонаҳои гуноҳ ин аст, ки қалб нороҳат ва ноором мешавад ва шахс намехоҳад мардум аз он огоҳ шаванд.
  4. Синдӣ мегӯяд: Ин сухан дар бораи муштабиҳот аст (корҳое, ки миёнаи ҳалол ва ҳаром қарор доранд) ва мардум дар онҳо ба таври қатъӣ яке аз ду ҷонибро намедонанд. Аммо корҳое ки шаръан дастур дода шудаанд ва бар зидди онҳо далеле вуҷуд надорад, онҳо аз аъмоли нек мебошанд. Ҳамчунин корҳое, ки шаръан манъ шудаанд, онҳо гуноҳанд, ва дар ин ду ҳолат ниёз ба пурсон кардани қалб ва оромиши он нест.
  5. Мухотаб дар ҳадис соҳибони фитрати солим мебошанд, на онҳое, ки қалбҳояшон вожгун шудааст ва дигар некро нек намешиносанду бадро бад намешуморанд, магар он чизеро ки нафси онон дӯст бидорад.
  6. Тайибӣ гуфтааст: Гуфта шудааст, ки истилоҳи "некию некӯкорӣ" дар ҳадис бо маъноҳои гуногун тафсир шудааст: Дар як маврид бар он чизе гуфта шудааст, ки нафс ба он ором мешавад ва қалб ба он итминон меёбад; дар ҷои дигар ба маънои имон омадааст; ва дар ҷои дигар он чи туро ба сӯи Худо наздик мекунад, дар ҳадиси мазкур "бир" ба хулқи нек тафсир шудааст. Ва хулқи нек инҳоянд: тахаммул (тобоварӣ) бар озор, кам ғазаб кардан, рӯи кушода доштан, сухани нек гуфтан ва монанди инҳо, ки ҳамаи ин маъноҳо ба ҳам наздиканд.

Намоиши тарҷумаҳо

60 Забон
EN English الإنجليزية
UR اردو الأوردية
ES Español الإسبانية
ID Indonesia الإندونيسية
BN বাংলা البنغالية
FR Français الفرنسية
TR Türkçe التركية
RU Русский الروسية
BS Bosanski البوسنية
SI සිංහල السنهالية
HI हिन्दी الهندية
ZH 中文 الصينية
FA فارسی الفارسية
VI Tiếng Việt الفيتنامية
TL Tagalog تجالوج
KU Kurdî الكردية
HA Hausa الهوسا
PT Português البرتغالية
ML മലയാളം المليالم
TE తెలుగు التلغو
SW Kiswahili السواحيلية
TA தமிழ் التاميلية
TH ไทย التايلندية
DE Deutsch الألمانية
JA 日本語 اليابانية
PS پښتو بشتو
AS অসমীয়া الأسامية
SQ Shqip الألبانية
SV Svenska السويدية
AM አማርኛ الأمهرية
NL Nederlands الهولندية
GU ગુજરાતી الغوجاراتية
KY Кыргызча القيرقيزية
NE नेपाली النيبالية
YO Yorùbá اليوروبا
LT Lietuvių الليتوانية
PRS دری الدرية
SR Српски الصربية
RW Kinyarwanda الكينياروندا
RO Română الرومانية
HU Magyar المجرية
CS Čeština التشيكية
MOS Moore الموري
MG Malagasy المالاجاشية
OM Oromoo الأورومو
KN ಕನ್ನಡ الكانادا
WO Wolof الولوف
AZ Azərbaycan الأذربيجانية
UZ O‘zbek الأوزبكية
UK Українська الأوكرانية
KA ქართული الجورجية
MK Македонски المقدونية
KM ភាសាខ្មែរ الخميرية
BM Bambara البامبارية
PA ਪੰਜਾਬੀ البنجابية
MR मराठी الماراثية
DA Dansk الدنماركية
RN Kirundi الكيروندي
KMR Kurmancî الكرمنجية
MS Bahasa Melayu الملايو