+ -

عَنْ عَبْدِ اللهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ رضي الله عنهما قَالَ: سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ:
«كَتَبَ اللهُ مَقَادِيرَ الْخَلَائِقِ قَبْلَ أَنْ يَخْلُقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِخَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ، قَالَ: وَعَرْشُهُ عَلَى الْمَاءِ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 2653]
المزيــد ...

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:
"Худованд панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниш замин ва осмонҳо, тақдири халоиқро навиштааст, ва фармуд: Арши Худованд болои об буд".

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 2653]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди сарнавишти офариниш мефармояд, ки Худованд ҳама ончи дар тақдири инсонҳост, зиндагӣ, марг, рӯзӣ ва монанди инҳо, панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниши замину осмонҳо дар лавҳи маҳфуз ба таври муфассал навиштааст, ва мутобиқи ончи Ӯ Таъоло муқаддар фармудааст, воқеъ мешавад. Ҳар чизе воқеъ мешавад ба иродат ва тақдири Худовандӣ аст. Ончи бар банда расид, мумкин набуд, ба ӯ нарасад, ва ончи ба ӯ нарасидааст, мумкин набуд, ки ба ӯ бирасад.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ اليونانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Имон ба қазо ва қадар воҷиб аст.
  2. Тақдир иборат аст аз: илми Худованд бар ҳама чиз, аз офариниш, навиштан ва иродаи Ӯ Таъоло бар онҳо.
  3. Имон доштан бар инки тақдир пеш аз офариниши осмонҳо ва замин навишта шудааст, ки боиси ризоят ва таслим шудан мегардад.
  4. Ва имон доштан бар инки Ъарши Худованд пеш аз офариниши осмонҳо ва замин болои об буд.
Бештар