+ -

عَنْ أَنَسٍ رضي الله عنه قَالَ:
جَاءَ رَجُلٌ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللهِ، مَا تَرَكْتُ حَاجَّةً وَلَا دَاجَّةً إِلَّا قَدْ أَتَيْتُ، قَالَ: «أَلَيْسَ تَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ؟» ثَلَاثَ مَرَّاتٍ. قَالَ: نَعَمْ، قَالَ: «فَإِنَّ ذَلِكَ يَأْتِي عَلَى ذَلِكَ».

[صحيح] - [رواه أبو يعلى والطبراني والضياء المقدسي] - [الأحاديث المختارة للضياء المقدسي: 1773]
المزيــد ...

Аз Анас (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд:
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Ман ба тамоми анвоъи аз гуноҳон даст задаам (оё Худованд тавбаи манро мепазирад?) Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст?" Он мард се маротиба гуфт: бале гувоҳӣ медиҳам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: " Ин (яъне тавба кардан ва гувоҳӣ додани ту) бар ивази он аст.

[صحيح] - [رواه أبو يعلى والطبراني والضياء المقدسي] - [Аҳодиси мухтор, Зиёӣ Мақдисӣ - 1773]

Шарҳ

Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй расули Худо! Ман муртакиби ҳамагуна гуноҳон шудаам, ба тамоми гуноҳони сағира ва кабира даст задаам, оё Худованд маро мебахшад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, Ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст? Ин суханро се маротиба такрор намуданд, ва он мард ҷавоб гуфт: бале гувоҳӣ медиҳам. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро аз фазилат ва бузургии калимаи шаҳодат ва инки он каффораи гуноҳон, ва инки ҳамчунин тавба гуноҳони гузаштаро пок месозад, огаҳ фармуданд.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Итолёвӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ اليونانية Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Азамат ва фазилати калимаи шаҳодат ва бартарии он бар гуноҳон, барои касоне, ки онро аз самими қалб мегӯянд.
  2. Ислом ончи пеш аз он анҷом шудааст, бартараф месозад.
  3. Тавбаи содиқона гуноҳони гузаштаро пок месозад.
  4. Такрор дар таълим аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.
  5. Фазилати (калимаи) шаҳодатайн, наҷот ёфтан аз абадӣ будан дар дӯзах аст.