عن أبي مسعود رضي الله عنه قال: قال النبي صلى الله عليه وسلم:
«مَنْ قَرَأَ بِالْآيَتَيْنِ مِنْ آخِرِ سُورَةِ الْبَقَرَةِ فِي لَيْلَةٍ كَفَتَاهُ».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 5009]
المزيــد ...
Аз Абумасъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, барояш басанда аст".
[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 5009]
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ҳар кас ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, Худованд бадиҳоро аз ӯ дур мекунад. Ҳамчунин ворид шудааст, ки дар ивази намози шаб хондан барояш кифоят мекунад, ва гуфта шудаст: барояш дар ивази хондани дигар зикрҳо басанда аст, ва гуфтаанд: ин камтарин миқдор аз Қуръон аст, ки барои қиёми шаб кифоят мекунад. Ақволи дигар низ дар ин маврид ворид шудааст ва шояд ҳама ончи зикр шуд дуруст ва ҳама шомили як лафзанд.