عن عبد الله بن عمرو رضي الله عنهما قال:
لَمْ يَكُنِ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَاحِشًا وَلَا مُتَفَحِّشًا، وَكَانَ يَقُولُ: «إِنَّ مِنْ خِيَارِكُمْ أَحْسَنَكُمْ أَخْلَاقًا».
[صحيح] - [متفق عليه] - [صحيح البخاري: 3559]
المزيــد ...
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт:
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) на баддаҳон буд ва на дашномгӯ ва ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: "Ҳамоно беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд".
[صحيح] - [متفق عليه] - [Саҳеҳ Бухорӣ - 3559]
Гуфтани суханони зишт ва амалҳои зишт аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) набуд ва қасдан ҳам анҷом намедоданд, ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) соҳиби ахлоқи бузург буд.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод мефармуданд: Беҳтарини шумо дар назди Аллоҳ касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд, яъне кори нек анҷом медиҳанд, чеҳраи кушода доранд, аз озор расонидан ба дигарон парҳез мекунанд ва таҳаммули озор бар худро доранд ва дар таомул бо мардум бисёр меҳрубон ҳастанд.