+ -

عن أبي هريرة رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال:
«أَقْرَبُ مَا يَكُونُ الْعَبْدُ مِنْ رَبِّهِ وَهُوَ سَاجِدٌ، فَأَكْثِرُوا الدُّعَاءَ».

[صحيح] - [رواه مسلم] - [صحيح مسلم: 482]
المزيــد ...

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"Лаҳзаи наздиктарини банда ба Парвардигораш дар ҳоли саҷда будан аст, пас дар ин лаҳза бисёр дуо кунед".

[صحيح] - [رواه مسلم] - [Саҳеҳ Муслим - 482]

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигор дар ҳолати саҷда будан аст, зеро дар ин ҳолат намозгузор гиромитарин узви бадани худро аз рӯи фурӯтанӣ ва хоксорӣ ва тавозуъ дар баробари Аллоҳи Мутаъол, бар замин мегузорад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур додаанд, ки банда то метавонад дар ҳоли саҷда бештар дуо кунад, ки он фурӯтанӣ назди Худованд дар қавл ва дар амалро ба ҳам меорад.

Тарҷума: Англисӣ Урду Испонӣ Индонезӣ Уйғурӣ Бангладешӣ Фаронсавӣ Туркӣ Русӣ Боснӣ Синҳолӣ Ҳиндӣ Хитоӣ Форсӣ Ветнамӣ Тагалогӣ Курдӣ Ҳауса Португалӣ Малаялам Телугу Савоҳили Томилӣ Бурмӣ Таиландӣ Олмонӣ Ҷопонӣ Пашту Осомӣ Албанӣ Суедӣ Амҳарӣ Голландӣ Гуҷратӣ Қирғизӣ Непалӣ Юрба Литвонӣ Дарӣ Сербӣ Сумолӣ Кинёрвондӣ Румонӣ Маҷорӣ Чехӣ الموري Малагашӣ Урумӣ Канада الولوف البلغارية Озарӣ Узбекӣ Украинӣ الجورجية اللينجالا المقدونية
Намоиши тарҷумаҳо

Аз фоидаҳои ҳадис

  1. Тоату ибодат бандаро ба Аллоҳи Мутаъол наздиктар мекунад.
  2. Бисёр дуо кардан дар ҳоли саҷда амали мустаҳаб аст, зеро он аз ҳолатҳое аст, ки дуо қабул мешавад.